Ovozi.uz

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва кишоварзӣ: натиҷаҳои ноилгардида дар Самарқанд

Дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал тадбири васеъмиқёси ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ ва кишоварзӣ баргузор гардид ва натиҷаҳои аввалини он имконият фароҳам оварданд, то вазъи демографӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди соҳаи аграрии мамлакат дар асоси маълумоти боэътимоди оморӣ баҳогузорӣ карда шаванд. Ин маълумот ҳамчун манбаи муҳими статистика барои таҳияи барномаҳои давлатӣ ва ҳудудии рушди иқтисодию иҷтимоӣ, такмили инфрасохтор ва қабули қарорҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ нигаронида шудаанд, хизмат хоҳад кард.

Бо фармони Президентамон аз 19‑уми сентябри соли 2025 «Дар бораи баргузор намудани тадбири ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ ва кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дигар аз 15‑уми январ то 28‑уми феврали соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ корҳои ба рӯйхатгирӣ анҷом дода шуданд. Дар ин раванд аз технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ васеъ истифода бурда шуд. 82,3 дарсади аҳолӣ тавассути шакли электронӣ ба рӯйхат гирифта шуда, шаҳрвандони боқимондаро вакилони «Ҳафтгонаи маҳалла»-ҳо бо истифода аз планшетҳо хона ба хона гашта ба қайд гирифтанд. Барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ин маърака дар вилояти мо корҳои омодагии васеъ анҷом дода шуданд.

Аз моҳи ноябри соли 2025 дар вилоят аз 1063 маҳалла 6440 нафар барои ба рӯйхат гирифтан ҷалб гардида, дар асоси барномаи хонишии иборат аз се зина омода карда шуданд. Ба онҳо бо истифода аз планшетҳо, платформаи census.stat.uz ва мувофиқи методологияи байналмилалӣ барои пур кардани саволномаҳо омӯзиши амалӣ гирифтанд. Дар натиҷа, ҷараёни ба рӯйхатгирӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шуд.

Дар вилоят аз 837 ҳазору 219 хонадон аз 664 ҳазору 715‑то, ё ки 79,4 дарсади онҳо ба таври онлайн аз рӯйхат гузаштаанд. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби аҳолӣ пайваста боло меравад. Натиҷаҳои аввалини ба рӯйхатгирӣ вазъи демографии вилоятро боз ҳам аниқтар равшан кард.

Тибқи маълумоти аввалин, шумораи аҳолии вилоят 4 миллиону 404 ҳазору 575 нафарро ташкил дод. Мувофиқи ҳисобҳои омории ҷорӣ, дар ҳолати 1‑уми январи соли 2026 шумораи аҳолии вилоят 4 миллиону 379 ҳазору 791 нафар арзёбӣ мешуд. Натиҷаҳои ба рӯйхатгирӣ нишон доданд, ки ин рақам ба 24 ҳазору 784 нафар бештар мебошад.

Ин бошад аҳамияти ба рӯйхатгириро дар инъикоси вазъи воқеии демографии ҳудудҳо боз ҳам равшантар мегардонад. Мувофиқи натиҷаҳои ба рӯйхатгирӣ, дар вилоят 2 миллиону 237 ҳазору 361 нафар мард (50,8 дарсад) ва 2 миллиону 167 ҳазору 214 нафар зан (49,2 дарсад) зиндагӣ мекунанд. Таркиби синну соли аҳолӣ нишон медиҳад, ки ҳиссаи мардон дар гурӯҳҳои синнии кӯдакону наврасон ва аҳолии қобили меҳнат нисбатан баландтар буда, пас аз синни 60‑солагӣ ҳиссаи занон бештар мегардад. Ин ҳолат натиҷаи табиии давомнокии умр ва равандҳои демографӣ мебошад. Тибқи натиҷаҳои аввалин, дар вилоятамон 2 миллиону 647 ҳазору 349 нафар (60,1 дарсад) дар деҳот ва 1 миллиону 757 ҳазору 226 нафар (39,9 дарсад) дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Ин нишондиҳандаҳо барои таҳияи нақшаҳои оянда оид ба рушди инфрасохтори деҳаҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва васеъ намудани хизматрасониҳои таълимӣ дар ҳудудҳои дурдаст заминаи муҳими оморӣ фароҳам меоранд.

Ҳангоми ба рӯйхатгирӣ маълум гардид, ки 4 миллиону 99 ҳазору 134 нафар шаҳрванд дар ҷои доимии истиқомати худ ҳузур дошта бошанд, муваққатан дар ҳудудҳои дигар қарор доштани 305 ҳазору 441 нафар шаҳрванд ба қайд гирифта шуданд. Қисми асосии онҳоро шаҳрвандоне, ки ба хотири фаъолияти меҳнатӣ ба дигар ҳудудҳо рафтаанд, ташкил намуд.

Ғайр аз ин, тағйиротҳои муваққатии ҷой бо сабабҳои таҳсил, табобат, сафари хизматӣ, сабабҳои оилавӣ ва сайёҳӣ низ ба қайд гирифта шуданд. 54,4 дарсади шумораи аҳолии муваққатан дар ҷойҳои дигар буда — сокинони шаҳр, 45,6 дарсади онҳо ба сокинони деҳот рост меоянд. Натиҷаҳои ба рӯйхатгирӣ нишон доданд, ки қисми зиёди аҳолии вилоят дар маҳалли таваллуди худ зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, 4 миллиону 393 ҳазору 376 нафар шаҳрванд дар Ӯзбекистон таваллуд шудаанд, ки аз ин шумора 4 миллиону 353 ҳазору 859 нафар маҳз дар вилояти Самарқанд ба дунё омадаанд. Шумораи шаҳрвандони дар хориҷ таваллудшуда 11 ҳазору 199 нафарро ташкил дод. Қисми асосии онҳо шаҳрвандоне мебошанд, ки дар Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва давлатҳои дигар таваллуд шудаанд.

Натиҷаҳои аввалин нишон доданд, ки дар вилоят 4 миллиону 228 ҳазору 314 нафар ӯзбек, 112 ҳазору 916 нафар тоҷик, 28 ҳазору 266 нафар рус, 4 ҳазору 862 нафар қароқалпоқ, 2 ҳазору 945 нафар қазоқ, 767 нафар туркман, 489 нафар қирғиз ва зиёда аз 26 ҳазор намояндагони 16 миллати дигар зиндагӣ мекунанд.

Натиҷаҳои аввалини ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии қишлоқ имкон медиҳанд, ки вазъи кунунии демографии вилоят ҳамаҷониба арзёбӣ гардад. Маълумотҳои мазкур барои бунёди мактабҳои нав, кӯдакистонҳо, поликлиникаҳои оилавӣ, сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва инфрасохтори роҳ, таъмини шуғл, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барои қабули қарорҳо роҷеъ ба рушди комплексии ҳудудҳо ҳамчун манбаи бовариноки оморӣ хизмат хоҳанд кард.

Имрӯзҳо статистика манбаи муҳими иттилоот барои идоракунии давлатӣ, банақшагирии стратегӣ ва таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ба барӯйхатгирии аҳолӣ ҳамчун муҳимтарин манбаи иттилоотӣ барои муайян намудани вазъи ҳақиқӣ ва пешгӯии рушди оянда аҳамияти махсус дода мешавад.

Шерзод ҚУДРАТОВ,
сардори Садорати омори вилояти Самарқанд