Ёрии аввалин ин яке аз комплекси чораҳои зудамали барқарор ва сабук гардонидани ҳолати организми инсон ба ҳисоб меравад. Ҳар як инсон барои ёрӣ расонидани ёрии аввалин ҳангоми ҳодисаи нохуши роҳ, воқеаҳои нохуш, усул ва намудҳои ёрирасониро донад, аз фоида холӣ набояд буд. Барои расондани ёрии аввалин бояд дар корхонаву ташкилотҳо ашёҳои тиббӣ ва аптечкаи иборат аз якчанд намуд доруворӣ буданаш лозим. Солҳои охир барои расонидани ёрии тиббӣ асбобҳои гуногунро истифода мебаранд, ки ин барои пешгирии бемориҳои шуш ва дилу рагҳо манфиатнок аст. Ёрии аввалин барои нигоҳ доштани ҳаёт, саломатӣ нигаронида шуда, ёрии ба зудӣ расонидашуда муолиҷаи на он қадар мураккабро дар бар мегирад. Одатан ин гуна ёрдам аз ҷониби ходимони тиббӣ ё маълумоти нопурраи тиббӣ нишон дода мешавад. Инчунин, ёрии авалин аз тарфи халоскорон дар ҷойи воқеа то омадани ходимони тиббӣ то ба беморхона бурдан, расонида мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо (бозмондани дил аз тапиш) ёрии аввалин ҳаёти инсонро нигоҳ доштан омилҳои асосӣ ба шумор меравад. Пас аз ба муассисаҳаи тиббӣ расидани бемор назорат ва муолиҷаҳои тиббиро давом додан мумкин. Зинаҳои ёрии аввалини тиббӣ аз инҳо иборатанд:
- Ҷойи воқеаро аз назар гузаронидан.
- Ҷабрдидаро аз назорати тиббӣ гузаронидан, ҳолати муҳими ҳаётии организмро баҳо додан.
- Дар асоси нишодиҳандаи ҳаётӣ дар вақташ ва ёрии зарурӣ расонидан.
- Ёрии иловагиро ҷеғ задан.
- Ҷабрдидаро аз назорати тиббӣ гузаронидан ва ёрии заруриро расонидан, вобаста ба ҷароҳаташ ӯро дар ҳолати зарура ҷой кардан.
- Назорати умумии ҷабрдида то омадани мошини «Ёрии таъҷилӣ».
Ба ҳангоми расонидани ёрии аввалин кадом ҷиҳатҳои бехатариро бояд риоя кард?
Аз назар гузаронидани ҷойи воқеа. Бояд дар ҷойи воқеа монда, атрофро аз назар гузаронида, фикр карда, сипас ҳаракат кардан лозим. Дар навбати аввал бояд ба бехатарии таҳдид ба ҳаёти шумо. Оне, ки ба шумо ёрии аввалин мерасонад дар баъзе ҳолатҳо ҳаёти худро ба хатар монда худаш низ ҷабр диданаш мумкин. Барои ҳамин барои паст кардани дараҷа ва имкониятҳои бартараф кардани хатар бо қувваи худ муайян кардан лозим. Барои халоскор дар дараҷаи аввал ин саломатӣ ва бехатарии ӯ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми наздик шудан ба ҷойи воқеа ниҳоят эҳтиёткор ва ҳушёриро талаб мекунад. Агар шумо омилҳои хавфро бартараф карда натавонед ё ҷабрдидаро ба ҷойи бехатар кӯчонида натавонед дар он сурат «ёрии таъҷилӣ, хихмати аврия-халоскорон, хизмати фавқулодда, полис ва ғайраро метавонед ҷеғ занед ва то омадани он дар ҷойи бехатар истоданатон лозим. Агар ҷабрдида ҳушёр бошад, шумо ба ҷойи зарура наздик шуда натавонед, ҷабрдидаро аз дур истода, огиҳонидан, маслиҳат додан тарки ҳудуди бехатар намудан ва омӯхтани он, ҳаракат карданатон мумкин аст.
Аз маҷаллаи «Ҳамшира» Н.БОБОАХМЕДОВ омода намуд.
