Ovozi.uz

Туркия низ ҳафтаи кориро кӯтоҳ карданӣ аст

Аз рӯи кодекси меҳнати Туркия дар назар дошта шудааст, ки ҳафтаи кориро аз 48 соат ба 35-40 соат кам намояд. Дар ин бора рӯзномаи «Sabah» менависад. Аз рӯи нормаи Қонуни меҳнати соли 1936 -и мамлакат ҳар рӯз 8 соат ва ҳафтае 48 соат режими корӣ муайян карда шудааст. Соли 2003 ин қонунро дигарбора дида баромада, ҳафтаи корӣ 45 соатро ташкил кард. Лекин ин нормаҳо бо сабаби мавҷудияти қоидаҳои алоҳида дар ҳама ҷо истифода бурда намешавад. Барои ҳамин ходим дар як сол ба миқдори 270 соат кори иловагӣ ҷалб караданашон мумкин. Ҳоло ҳукумат ният дорад,ки барои ҳамаи гурӯҳҳои касбӣ қоидаҳоро унификатсия карда, соати кориро 35-40 ҳамчун норма ва басифати регламенти кори иловагӣ ҷорӣ карданист. Ин дигаргунии ҳолати ҳозираро ба ҳисоб гирифта, нақшаи коркард барои рушди технология, ба воситаи бардоштани самарадории ҷараёнҳо, имкони кӯтоҳ кардани вақти кориро медиҳад. Ғайр аз ин, ҳуқуқҳои ходим, миқдор ва пардохти қоидаҳои ёрдампулӣ, коэфисенти вақти кории ғайри вақти корӣ, дида баромадани баъзе нормаҳои ҳуқуқӣ, оид ба кафолатҳои иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст. Қайд мегардад, ки дида баромадани қоидаҳои мазкур манфиатҳои ходимонро дар назар дошта амалӣ карда мешавад. Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта давлати Қазоқистогнба қодаи ҳафтаи кории 4 рӯза гузашта буд. Дар Германия низ барои санҷиш зиёда аз 50 компания дар ҳолати маоши пурра барои санҷиш ин усулро истифода мекунанд.