Чунин буд хулосаи аксарияти депутатҳо баъд аз анҷоми сессияи чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, ки 6‑уми декабр баргузор гардид.
Хуб, чаро?
Ин пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки дар даъвати нав ваколатҳои ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва мақомоти намояндагӣ аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Яъне акнун ҳокими вилоят ба мақомоти иҷроия ва дар як вақт ба Шӯрои вилоят роҳбарӣ намекунад. Дар сессияи якум дар бораи интихоб гардидани раиси Шӯро аз байни депутатҳо хабар дода будем.
Дувум, сессия чун пешина на дар бинои ҳокимияти вилоят, балки дар хонаи Шӯроҳо гузаронида шуд. Акнун Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва котиботи он дар ин бино фаъолият мебаранд.
Сеюмин тағйирот он аст, ки ба сессия, бинобар иштирок накардани раиси Шӯро, узви гурӯҳи депутатии дар Шӯрои намояндагони халқи вилоят бештар аз ҳама ҷой доштаи Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Ҳайдар Ӯроқов сарварӣ кард.
Депутатҳо нахуст ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят А.Шукуровро дар бораи корҳое шуниданд, ки соли 2024 дар Самарқанд бар асоси Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» амалӣ гардиданд.
Ҷонишини ҳокими вилоят аз рӯйи самти худ, яъне масъалаҳои Барномаи давлатии «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат», ки бо сарфаи захираҳои энергетикӣ, беҳсозии хидматрасонии нақлиёт, инфрасохтори роҳ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, хонаву ҷой, афзунсозии сатҳи сабзазоркунӣ, инчунин, хидматрасонии маишӣ вобастаанд, ҳарф зад.
— Бо мақсади афзунсозии ҳаҷми истеҳсоли манбаъҳои энергияи барқароршаванда панелҳои офтобии иқтидорашон 84,2 МВт гузошта шуданд, — гуфт А.Шукуров. — Дар натиҷа, ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар истеъмоли умумӣ ба 8,9 дарсад расид. Аз аввали сол ба 352,3 миллион нафар мусофирон хидмати нақлиётӣ расонда, ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 104 фоиз расонида шуд. Барои рушди маҷмӯии минтақаҳо, татбиқи стратегияи урбанизатсия ва баланд бардоштани сатҳи таъмини аҳолӣ бо хонаву ҷойи арзон бунёди 182 бинои дорои 11300 хонадони истиқоматӣ муқаррар гардида, то имрӯз 62 бинои бисёрошёнаи дорои 3797 хонадон ба истифода супорида шуд. Сохтмони мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» дар ноҳияҳои Булунғур ва Ургут сар шуда, дар ноҳияи Тайлоқ ва шаҳри Самарқанд низ оғоз ёфт. Дар натиҷаи сохтмони хонаҳои нав то охири сол ба 37,5 фоиз расонидани сатҳи урбанизатсия дар назар аст. Бо мақсади таъмини устувор ва дарозмуддати маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтор, ки дар барномаи давлатӣ бобати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ пешбинӣ шудаанд, ба масофаи 492,1 километр шабакаҳои обӣ ва 93 иншооти обӣ бунёд гардиданд. Дар натиҷаи ин, сатҳи таъмини аҳолӣ бо оби ошомидании марказонидашуда ба 77,6 дарсад расид. 3 ҳазор километр роҳҳои дохилии маҳаллаҳои шаҳру қишлоқҳо мумфарш ва шағалпӯш карда шуданд.
Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» дар саросари кишвар дар мавсими баҳор 11,6 миллион бех ва дар мавсими тирамоҳ 6,3 миллион бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда ва буттаҳо шинонда шуданд.
Ба туфайли тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати ҷамъоварӣ ва берун бурдани партовҳои дурушти маишӣ аз 1126 маҳаллаи вилоят 1123‑тоашро бо ин хизматҳо фаро гирифтанд. Аз ҷониби 19 субъекти соҳибкорӣ, ки бо ҷамъоварӣ ва берун бурдани партовҳои дурушт машғуланд, соли ҷорӣ 24 ҳазору 272 тонна маҳсулотҳои полимерӣ, партовҳои коғазӣ ва картонӣ коркарди дубора шуда, дараҷаи он ба 38 фоиз расонида шуд. Пас аз бастани ду партовгоҳи маишӣ дар ноҳияҳои Иштихон ва Ҷомбой, суръати коҳиши партовгоҳҳои маишӣ 7,5 дарсадро ташкил кард.
Дар асоси гузориш намояндагон ба ҷонишини ҳокими вилоят оид ба мушкилоти мавҷуда дар минтақаҳо ва масъалаҳое, ки ҳалли худро интизоранд, саволҳо доданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои ба роҳ мондани автобусҳои донишомӯзони мактабҳои дурдаст, ки дар барномаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, дар ноҳияҳо роҳандозӣ намудани канализатсия, таъмини сифати биноҳо ва баланд бардоштани масъулияти институтҳои лоиҳакашӣ, сохтани роҳ ва кӯпруки нав дар мавзеи Қаросуви шаҳри Самарқанд, муаммоҳои хизмати нақлиёти ҷамъиятӣ, камбудиҳои фаъолияти корхонаҳое, ки хизматрасонии партовҳоро таъмин мекунанд, масъалаҳои қаллобӣ дар татбиқи лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз» қайд карда шуданд.
Аз рӯи маъруза қариб даҳ нафар депутатҳо саволу таклифҳои худро баён карданд.
А.Шукуров ва роҳбарони идораҳои дахлдор ба ҳар як савол ҷавоб дода, роҷеъ ба чораҳои ҳалли муаммоҳо маълумот доданд. Зимнан зикр гардид, ки баъзе масъалаҳо аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ин бора ба Шӯро маълумот дода мешавад.
Дар сессия масъалаҳои мувофиқ кардани консепсияи лоиҳавии таҳкими минбаъдаи инфрасохтори оператори миллии почта дар вилоят, тасдиқ кардани қарори ҳокими вилоят аз 15‑уми ноябри соли 2024 «Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят», ба таъхир андохтан (пардохти қисм-қисм)-и андози амвол, замин ва истифодаи захираҳои оби шахсони ҳуқуқӣ ва масъалаҳои дигар баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Пас аз сессия мудири котибияти Шӯро С.Усмонов қайд кард, ки дар асоси фикру мулоҳизаҳои Сарвари давлат оид ба фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ дар сессияи якуми Сенати Олий Маҷлис ваколатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ ва дар баробари ин масъулияти онҳо афзуд. Зикр гардид, ки ин аз намояндагон фаъолияти зиёдтарро тақозо мекунад, ҳоло гурӯҳҳои депутатии ҳизбҳо ва комиссияҳои доимӣ дар Шӯро бояд бо тартиби нав кор кунанд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар маърӯзаи худ ба Сенат изҳор дошт, ки тавассути механизмҳои нав, аз қабили пурсиш ва санҷиши шӯро назорат аз болои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо пурзӯр гардида, амалияи дар ҳар нимсола баргузории нишастҳои матбуотӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби шӯроҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешавад.
Ҷамъомад бояд ин гуна бошад!
