Дар шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Аҳамияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тараққиёти демократӣ: таҷрибаи Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» Форуми ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ баргузор аст.
Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Маркази таҳлили ҷараёнҳои демократӣ ташкил шудааст, қариб 200 нафар мутахассис иштирок доранд. Дар миёни онҳо коршиносони байналмилалӣ аз марказҳои таҳлилии кишварҳои ИМА, Канада, Белгия, Британияи Кабир, Венгрия, Германия, Испания, Франсия, Шветсия, Туркия, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин намояндагони сохторҳои ҷамъиятӣ, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишварамон ҳузур доранд.
Дар маҷлиси умумии форум директори Маркази таҳлили ҷараёнҳои демократӣ Азамат Пардаев, Намояндаи доимии СММ дар Ӯзбекистон Сабина Маҳл, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов ва намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳамкор суханронӣ намуда, ба мақсаду вазифаҳои ин форум таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Чорабиниҳои асосии форум дар доираи 9 сессияи алоҳида идома ёфта, дар онҳо омӯзиши муқоисавии таҷрибаи Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, муайян намудани тамоюлҳои умумии рушди демократӣ, таҳлили масъалаҳои мавҷуда ва муайян кардани вазифаҳои ояндадор дар назар дошта шудааст.
