Ovozi.uz

Армияи кишвар – сипари мустаҳками Ӯзбекистони Нав

Имсол ба таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 32 сол пур мешавад. Ба ҳамин муносибат дар қисмҳои ҳарбӣ, мактабҳои ватанпарварӣ як силсила чорабиниҳо доир мегарданд. Тадбирҳо маъмулан дар чаҳорчӯби «Моҳонаи ватанпарварӣ» ва таҳти шиори «Армияи Ӯзбекистони Нав — қудрати мамлакат, тимсоли ғурур ва садоқати бузург» баргузор мешаванд.

Халқ ва армия якдиланд
Дирӯз дар майдони Регистони шаҳр хидматчиёни қисми ҳарбии Округи марказии ҳарбӣ аслиҳаҳои ҳарбиро намоиш доданд.
Дар тадбир, ки ба мақсади таҳкими ҳамҷиҳатии халқ ва артиш доир гардид, ҷавонон бо техника ва силоҳҳои ҳарбӣ шинос шуданд.
Намоишҳои саҳнавӣ дар бораи ҷасорати ниёгон ва баромадҳои намоишии ҳарбиён ба онҳо таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар доираи амалӣ гардондани ғояи наҷиби «Халқ ва армия якдиланд» корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Имрӯзҳо шаҳрвандони мамлакати мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дастгирӣ ва ёрии ҳаматарафаи армияро ҳис мекунанд. Ва албатта, баргузории чунин чорабиниҳо низ барои дар оянда камол ёфтани ҷавонони шуҷои ватандӯст хидмат мекунад.

Ҷ.ТОШПӮЛОДОВ,
гид-экскурсоводи ансамбли Регистон.

Дар хонадони иштирокдори ҷанг
Дар доираи моҳонаи ватанпарварӣ таҳти шиори «Барои ҳаёти нав, Ӯзбекистони Нав» тадбирҳои «Вохӯрии се авлод» баргузор мешаванд, аз рӯзгори собиқадорони соҳа хабар мегиранд.
Дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақамҳои 3 ва 9‑и ноҳияи Самарқанд барои зиёрати мӯйсафеди барнодил ­— ягона иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маҳаллаи Арабхонаи ноҳия Аҳадбобо Очилови қариб 100-сола ташриф оварда, дар атрофи як пиёла чой сӯҳбати дилнишину самимӣ карданд.
Хотироти иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Аҳадбобо Очилов барои ҳозирин хеле шавқангез буд. Зеро ӯ ҳамчун танкчӣ дар набардҳо саҳми арзанда гузошта, баъди ғалаба бо фаъолияти педагогӣ машғул шудааст.
— Ман аз сарвари давлатамон барои меҳрубонӣ ва ғамхории беандоза сипосгузор ҳастам, — иброз дошт ӯ.  — Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадршиносӣ се маротиба бо Президент Шавкат Мирзиёев сӯҳбат оростем, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш нахоҳанд шуд.
Воқеъан дар натиҷаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон осмони мо мусаффо, ҳаётамон тинҷу осоишта аст.
Аҳадбобо Очилови зиндадил ба пурсишҳои ҳозирин ҷавоб дода, таъкид намуд, ки хоки Ватан аз мулки Сулаймон беҳтару хуштар мебошад.

З.ҲАСАНЗОДА.

Армияи ман — фахри ман
Садорати боҷхонаи вилоят дар ҳамкорӣ бо қисми ҳарбӣ барои аз наздик шинос кардани тарбиятгирандагони кӯдакистони рақами 11-и ноҳияи Самарқанд бо ҳаёти ҳарбиён чорабинии маънавию маърифатӣ гузаронд.
Сараввал намоиши аслиҳаҳо доир гардид. Сипас, иштирокдорон аз музейи таърихӣ дидан карданд.
Дар қисми бадеии чорабинӣ бачаҳо дар васфи Ватан шеъҳо қироат карда, саҳначаҳо гузоштанд.
Дар чорабинӣ ҷонишини фармондеҳи баталён оид ба корҳои тарбиявӣ ва мафкуравӣ Шерзод Раҳимов ва корманди Садорати боҷхонаи вилоят Ғайрат Сатторов таъкид карданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ҳимоятгари осудагии мамлакат ва ҳаёти халқи мо мебошад.
— Вақте дар бораи ҳимояи ин кишвари азиз андеша мекунем, пеши назарамон аскари шуҷои ҳарбӣ бо ҷуссаи баҳодурона, бозуи пурзӯр, ки барояш ҳар зарра хоки Ватан муқаддас буда, баҳри якпорчагии он омода аст тамоми ҳастии хешро нисор кунад, намоён мегардад, — гуфт Ғ. Сатторов. — Мо аз ин рӯ, тамоми муҳофизони Ватан, хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро бо ҷашни касбӣ аз сидқи дил табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар роҳи ҳифзи Ватан тани сиҳҳат, устувориву матонат таманно мекунем.

Н.БОБОАҲМАДОВ.

Назаре ба таърих
Дар Ӯзбекистон ҳар сол 14‑уми январ Рӯзи муҳофизони Ватанро ҷашн мегиранд.
Рӯзи муҳофизони Ватан дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол ба шарафи дар ин рӯз таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар (пас аз пароканда шудани ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ) ҷашн гирифта мешавад.
Бо қарори Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки 29‑уми декабри соли 1993 қабул гардид, 14‑уми январ чун Рӯзи муҳофизони Ватан муқаррар карда шуд.
Рӯзи 14‑уми январи соли 1992 Парламенти Ӯзбекистон қарор қабул кард, ки бар асоси он ҳамаи қисм ва ҷузъи том, инчунин муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, ки дар қаламрави мамлакат ҷойгир шудаанд, ба зери доираи ҳуқуқ (юрисдикция)-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронда шуданд. Ҳамин тавр, ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат асос гузоштанд.
Дар ин рӯз ҳамаи мардҳои Ӯзбекистонро табрик мекунанд. Чунки аз оғоз ҳар як мард пеш аз ҳама муҳофизи Ватан аст. Дар ин рӯз аз ҳама бисёр ба хидматчиёни ҳарбӣ, ки ин рӯз барояшон иди касбӣ мебошад, суханони тантанавӣ гуфта мешаванд.
Рӯзи муҳофизони Ватан — иди калони давлатӣ аст. Аз рӯи анъана иди мазкур дар Ӯзбекистон васеъ ҷашн гирифта мешавад. Дар майдони Истиқлоли пойтахти мамлакатамон Мадҳияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо медиҳад. Зери садои овози оркестри ҳарбӣ ҷузъи томи ҳарбӣ бо марши идона мегузаранд.
Иштирокчиёни парад, инчунин дар пояи муҷассамаи Истиқлол гулдастаҳои тару тоза мегузоранд. Шаҳрвандон хотираи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, шаҳидоне, ки барои ҳифзи Ватан қаҳрамонона ҷон фидо кардаанд, ба некӣ ёд ва қабрҳояшонро зиёрат мекунанд.