Ovozi.uz

Агар волидон ба давлати хориҷа намерафтанд…

Аз азал вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд аст. Бо вуҷуди ин, солҳои охир шоҳиди он мегардем, ки падару модарон ба тарбияи фарзанд аз паси панҷа менигаранд. Шояд онҳо таълиму тарбияи фарзандонро бо иқтисод вобаста медонанд, ки ҳатто кӯдакони навзодро ба тарбияи модаркалону бобо ва ё ягон нафар наздикони худ гузошта, баҳри таъмини буҷети оила ба хориҷа мераванд.
Чанд моҳ боз дар муассисаи таълими томактабии хусусии «Малишка»-и ноҳияи Самарқанд фаъолият мебарам. Бароям кор бо кӯдакон ниҳоят шавқовар аст. Вақте ки ба муассиса ворид мегардам, гӯё аз нав кӯдак мешавам. Бо ҳар яки онҳо кӯдаквор муносибат карда, олами навро меомӯзонам. Давоми фаъолият хубтар дарк кардам, ки кӯдакон бо вуҷуди соҳиби олами беғубор будан пеш аз ҳама ташнаи меҳранд. Баъзе аз онҳо дар дили кӯчаки худ ғамҳоро ниҳон медоранд, ки ҳайрон мемонед. Дарду ғам аз дурии падару модар аст ва онҳо ҳамеша меҳру муҳаббат ва эътибори модариро меҷӯянд. Инро ман дар рафтору худдории яке аз тарбиягирандагони кӯдакистон мушоҳида кардам. Шукронаи сиёҳчашму ҷингиламӯи сесола ҳар пагоҳӣ ғамгин меояд. Давоми рӯз ҳам ба бачаҳои дигар ҳамроҳ нашуда, аз ҳамсолонаш канора меҷӯяд. Вақти бозӣ ҳам танҳоиро мехоҳад. Ҳар боре, ки бо ӯ сӯҳбат мекунам, бо ишораи сар тасдиқ ё инкор мекунаду халос. Чашмони шаҳлои ӯ чунон маъюс менигаранд, ки аз дидани ӯ шумо ҳам то андозае дилгир мегардед. Аз чашм ки дур шуд, ӯро аз назди тиреза меёбед. Гӯё касеро интизор бошад, дуру дароз як сӯ нигоҳ карда, роҳ мепояд. Бегоҳӣ аз ҳама пеш бо шитоб назди дар меравад, аммо ҳангоми дидани модаркалонаш чеҳрааш дигаргун шуда, ба модаркалонаш норозиёна ким-чиҳоро бо лафзи кӯдакона мегӯяд. Ҳар боре ки ин рафтори ӯро мушоҳида мекардам, ҳайрон мешудам, ки чаро ин тавр мекунад. Ин дафъа ҳам аз ҳама пеш назди дар омада, тараддуди рафтанро мекард. Меҳрубонона «Шукронаҷон ҳоло вақт нашудааст, ба ҷоят рафта шин, агар модарат оянд, ба ту мегӯям» гуфтам. Ҳамин вақт, бо чашмони пурашку овози гиряолуд «Модарам намеояд, ӯ ба Америка рафтааст, ӯ маро дӯст намедорад…» гӯён дур рафт. Баъд фаҳмидам, ки падару модари ӯ ба Америка бо роҳҳои ғайриқонунӣ рафтаанду тарбияи ӯ ба зиммаи модаркалонаш будааст…
Мувофиқи маълумотҳои статистикӣ имрӯзҳо дар мамлакати Исроил, ки ҷангу ҷидолҳои хунин ҷараён доранд, аз мамлакати мо беш аз 10 ҳазор нафар кор мекунанду 85 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Суоле ба миён меояд. Ояндаи ин гуна фарзандоне, ки дур аз меҳри падару модар зиндагӣ мекунанд, чӣ мешавад? Онҳо падару модари худро мебахшида бошанд?

Шоиста НАВРӮЗОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.