Қаблан китоб қариб манбаи ягонаи маълумот ва яке аз шаклҳои беҳтарини истироҳат буд, вале имрӯз ин хел нест. Уқёнуси маълумот ва бозиву ханда руҳияти моро ба воситаи оинаи нилгун (телевизор) ва монитори компутер пур мекунад. Дар воқеъ, ҳар доим расме, ки дар ҳаракат аст, аз расми беҳаракат беҳтар мебошад, чунки он тасаввури робитаи ҷоннокро офарида, моро аз танҳоӣ раҳо мекунад.
Тугмачаро, ки пахш кардед, ба ҳаёти шумо мавҷи шодӣ, тарс, умед ва ноумедиҳои шахси дигар дохил шуда, шуморо аз ҳаёти рӯзмарра дур мекунад. Барои он ки чунин ҳиссу орзуҳоро гиред, чанд саҳифаи китобро мутолиа бояд кард?
Маълум, ки воситаҳои маданият (китобҳо, филмҳои бадеӣ, намунаҳои санъат) шахсияти инсонро, аз ҳама беш дар даври наврасӣ ташаккул медиҳад. Бинобар ин, бачаҳоро ба китобхонӣ ва дӯст доштани он бояд омӯзонд. Агар шумо фарзанди худро бо китоб ошно кардан хоҳед, ба тавсияҳои зерин амал кунед, мувофиқи мақсад аст:
Аз рӯзҳои аввали таваллуди фарзанд барои вай китоб мутолиа кунед. Дарвоқеъ, кӯдак ҳоло суханҳоро намефаҳмад, вале шеърҳое, ки модар онҳоро ҳангоми гуфтани «алла» мехонад, ба вай дар бораи наздик будани ӯ «ҳарф мезанад». Овоз ва оҳанги модар ӯро ором мекунад. Аз 10-моҳагӣ то якунимсолагӣ ташаккули хазинаи сухани кӯдак оғоз меёбад.
Вай бо тамоми эҳсосоти худ омӯхтани фаъолонаи дунёро сар мекунад. Вале ҳангоми мутолиаи китоб аз ҳудуди чор дақиқаинаи китобхонӣ нагузаред.
Бача аз дусолагӣ суханҳо ва ибораҳои алоҳидаро ба сифати ҳикоя қабул мекунад ва дар сесолагӣ ӯ на танҳо шунаванда, балки ба ҳамсӯҳбати фаъол табдил меёбад. Дар ин давр вай шавқи такроран хонданро ривоҷ медиҳад. Барои онҳо китобро беш аз 20 дақиқа мутолиа накунед. Бача дар чунин синну сол танҳо ба ҳамин миқдор мутолиа қаноатманд мегардад.
Сипас, мутолиаро ба бозӣ табдил диҳед. Агар хоҳед, ки фарзанди худро аз хурдсолӣ бо китоб ошно намоед, ҷараёни мазкурро ба тарзи бозӣ ба пеш баред. «Дар хотир доред, шумо аз ҳама боақл мешавед», «Вақте ки калон мешавед, иншои беҳтаринро шумо менависед», — чунин далелҳо ба кор намеоянд. Чунин таъкидҳоро аз нутқи худ берун кунед. Аз такрор кардан натарсед.
Ба фарзандатон шеър аз ёд кунонед. Вақти мақбул барои ин аз таваллуд то ҳаштсолагӣ аст. Ин барои шумо душвории барзиёд нест, чунки дар ин синну сол барои бачаҳо аз ёд кардани шеър осон аст. Агар шумо дар мактаби миёна чунин маҳоратро инкишоф надода бошед, андаке кӯшиши бештар талаб карда мешавад.
Ба бачаҳо рухсат диҳед, ки адабиётро интихоб кунанд. Бигузор фарзандатон китоберо, ки ба он шавқ дорад, интихоб кунад. Ҳар як китоб ба маъное фоида дорад. Наср барои сайқали маҳорати нутқ ёрӣ диҳад, шеър ҳисси усул, тартибро ривоҷ медиҳад. Мутолиаи хуби китоб мусоидии психологӣ фароҳам меорад, китоби ношинос донишҳои нав медиҳад. Сужети афсона сайри хаёлот (фантазия)-ро, сужети амалӣ (реалӣ) таҷрибаи ҳаётиро ғанӣ мекунад.
Хикояи кӯтоҳ сухангӯии мухтасарро меомӯзад. Ҳикояи калон хотираро тарбия мекунад. Аксарияти бачаҳо адабиётеро намехонанд, ки дар мактаб тавсия кардаанд. Чунки ҳамаи бачаҳо як хел чизро афзал намедонанд. Ба яке ҳикояҳои мухтасар маъқул аст, дигаре аз шиносоӣ бо қаҳрамони ҳикоя маъное намебинад. Онҳо бояд бо қаҳрамон як муддат зиндагӣ кунанд.
Фарзанди худро ба мутолиа маҷбур накунед. Иштиёқи мутолиа дар ботин ташаккул меёбад. Бинобар ин, аз 5–6-солагӣ ба хондани китоб маҷбур кардани бача хавфнок аст. Умуман, калимаи хондан «даркор»-ро эҳтиёткорона, аз синфҳои 5–6 танҳо барои адабиёти мактаб истифода бурдан лозим аст. Агар бача хонданро нахоҳад, ин ҳеҷ бадӣ надорад. Падару модарон дар аксар маврид аз хонданро надониста ба мактаб рафтани фарзандашон меҳаросанд. Ҳамааш ба омӯзгор вобаста мебошад. Баъзе педагогҳо таъкид мекунанд, ки агар бача ба дараҷае савод бароварда ба мактаб равад, вай аз машғулоти такроршавандаи мактаб зиқ шуда, нигоҳаш нисбат ба хондан тағйир меёбад ва ин боиси беҳавсалагӣ дар донишомӯз мешавад.
Атрофро бо китоб пур кардан, боиси дилгирӣ аз он мешавад. Падаре дар рӯзи ид барои фарзандони худ чанд китоб гирифта, «барои шумо тӯҳфа овардам» гуфт. Бачаҳо бо шавқ дар атрофи ӯ гирд омаданд. Китобҳоро бо мароқ варақ заданд ва сипас гуфтанд: «Барои китоб ташаккур, вале тӯҳфа ку?».
Вақте ки мо хурдсол будем, китоб кам, вале иштиёқи мутолиа калон буд. Чунки набудани чизе ба зиёд шудани хоҳиши дастрас кардани он сабаб мешавад.
Китобҳои мутолиакардаатонро бо фарзандонатон муҳокима кунед. Дар назди фарзандон китоб хондани падару модаронро хеле кам мебинем.
Бо онҳо дар бораи китобе, ки ҳоло мехонед, сӯҳбат кунед ё ки аз он порчаҳо хонда диҳед. Инчунин, метавонед дар назди фарзандон китобҳоро бо дигарон муҳокима кунед.
Овоз бароварда хонед. Овозатонро ба диктофон навишта гиред. Аксарияти падару модарон тамоми рӯз кор мекунанд ва агар ҳангоми дар хона будан барои фарзандони худ даҳ дақиқа мутолиа кунанд, он ба воситаи пурзӯре, ки муносибатҳоро мустаҳкам мекунад, табдил меёбад. Барои навишта гирифтани овоз телефон мувофиқ нест, чунки он ҳамеша ба худ эътиборро ҷалб мекунад. Дар диктофон танҳо як тугма мавҷуд аст — онро кушодан ё ки бастан мумкин.
Чунин техникаҳо кам нестанд ва кадоме аз онҳо барои шумо ва фарзандонатон мувофиқ бошад, метавонед интихоб кунед ва ба натиҷаи босамар ноил гардед.
Таҳияи
М.ОҚҚӮЗИЕВА.
