Ovozi.uz

Беҳбудӣ ва норасоии кор дар муқоиса маълум мешавад

Сол, ки ба охир расид, ҷамъбаст кардани натиҷаҳои фаъолият анъана шудааст. Ба хубу бадии натиҷаҳо мутахассисон бештар сарфаҳм мераванд. Вале барои ба хонандаи оддии рӯзнома фаҳмо шудани он нишондиҳандаҳои ҷамъбастии сол бо соли пешина муқоиса карда, беҳбудӣ ё норасоии фаъолиятро равшан кунем, ба мақсад мувофиқтар аст.
Аз ҳисоботи директори филиали ҳудудии ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» У. Назаров ва сармуҳандиси он Э. Мамасолеев, ки рӯзи 10‑уми январ дар Хонаи матбуоти вилоят ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълум карданд, аён гардид, ки ҳоло дар вилоят ба 912085 истеъмолгар (863894-то истеъмолгари ҷисмонӣ, 48191 истеъмолгари ҳуқуқӣ) 142 нимстансия, 12272 трансформатор, тавассути 29292,4 километр шабака қувваи барқ мерасонанд.
Дар давоми соли 2023‑ум 430 трансформатор (дар соли 2022 409‑то) ва 25044 сутуни оҳанӣ-­бетонӣ (дар соли 2022 8065‑то) гузоштанд ва ба 1297,8 километр шабакаи электрӣ сим (дар соли 2022 388 километр) кашида шуданд.
Инчунин, дар нимстансияҳои ҳудуди вилоят 1 трансформатори нави қуввааш 40,0 МВА, 1‑то қуввааш 25,0 МВА, 3‑то қуввааш 16,0 МВА, дар 15 нимстансия трансформаторҳои баландқувват шинонида шуд.
Дар натиҷа, дар вилоят таъминоти беш аз 245 ҳазор истеъмолгарон бо қувваи барқ беҳ гардид.
Соли гузашта ба истеъмолгарони вилоят ба миқдори 2 триллиону 496 миллиард сӯм энергияи бард расонда, 2 триллиону 408 миллиард сӯм маблағ пардохта шудааст.
Дар соли 2023 дар натиҷаи ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи бард 56,4 миллиард сӯм зарар расидааст. 3,76 миллиард сӯми зарар ба воситаи суд (дар соли 2022 бошад, 3,2 миллиард сӯм) ба фоидаи корхонаи электр ситонидаанд.
Дар доираи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар вилоят 84 бригадаи бартарафсозии садама, ки аз 542 нафар коргар иборатанд, ташкил гардида, ба онҳо 42 техникаҳои махсус вобаста карда шудааст.
Фотостансияи қуввааш 20 МВт-и дар Маркази сайёҳии «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд роҳандозӣ шуда 1,5 миллион кВт соат энергияи электр додааст.
Инчунин, дар 812 объекти соҳаи иҷтимоӣ стансияи фотоэлектрии қуввааш 12,96 МВт, дар 3250 хонадони аҳолӣ стансияи фотоэлектирии қуввааш 6,0МВт, дар 23 хонаҳои бисёрқабата стансияи фотоэлектрии қуввааш 0,31 МВт ва дар 370 субъекти тадбиркорӣ стансияи қуввааш 15,47МВт гузошта шудаанд.
Дар соли 2024 иҷрои ин корҳо бар асоси барномаи ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари», ки мувофиқи стратегияи «Тараққиёт‑2030» таҳия шудааст, дар солҳои 2024–2030 дар вилояти Самарқанд 33 зерстансия, 2810 трансформатор, реконструксия ва модернизатсияи 8703,9 километр шабака ба нақша (симчӯбҳо пурра иваз карда мешаванд) дароварда шудааст.
Аз ҷумла, дар соли 2024 дуто зерстансия ва 217‑то трансформатор гузошта, 560,3 километр шабакаи электрӣ аз нав сохта мешавад.
Инчунин, 10‑то зерстансия, 1197-то трансформатор, 3003,9 километр шабакаҳои электр ба тарзи мукаммал таъмир мегарданд. 132‑то зерстансия, 1988‑то трансформатор, 7021,9 километр шабакаҳоро таъмири ҷорӣ мекунанд.

Ҷамшед ОБИДОВ