Ovozi.uz

«Эпидемия»-и асри XXI

Фоҷиаи тобеӣ ба гадҷетҳо

Имрӯзҳо технологияҳои ахбор дар ҷомеа чунон рушд мекунад, ки он баробари хизмат намудан ба инкишофи ҳар як соҳа, баъзе муаммоҳоро низ ба миён мегузорад. Чӣ тавр муаммо мегӯед?
Сухан дар бораи воситаҳои мобилии алоқа, яъне телефонҳои кисагӣ, истифодаи нодуруст аз онҳо аст. Пеш аз баррасии ин масъалаҳо, ба баъзе таҳлилҳо эътибор медиҳем.
Бар асоси маълумоти оморӣ дар ҳолати 1‑уми январи соли 2024 дар Ӯзбекистон шумораи абонентҳое, ки бо алоқаи мобилӣ таъмин карда шудаанд, наздик ба 34,2 млн. нафарро ташкил карда, 28,8 млн. нафари онҳо аз байни аҳолӣ қайд гардидааст. Таъмини одамон бо алоқаи мобилӣ ба ҳар 100 кас 79 воҳидро ташкил медиҳад.
Рақамҳои мазкур аз як тараф бад нестанд. Тараққиёт бо суръат пеш равад, ба мамлакатамон ворид шудани чунин воситаҳо низ ҷараёни табиӣ мешавад. Ба ин маъно, гадҷетҳо кайҳо қисми ҷудонопазири ҳаёти мо, дар вазъиятҳои гуногун ба «ёрдамчӣ» низ табдил ёфтанд. Кифоя аст, ки барои хариди маҳсулоти зарурӣ, робита бо ягон инсон, гирифтани маълумоти даркорӣ, ё ки фиристодани он чанд тугмачаи телефонро пахш кунед.
Вале чун ҳар як чиз меъёр дорад, дар истифода аз гадҷетҳо низ талаботи муайян бояд шаванд. Зеро, вобастагии сахт ба олами виртуалӣ метавонад сабаби дар саломатии физиологӣ ва рӯҳии инсон рӯй додани муаммоҳои ҷиддӣ шавад.
Мутаассифона, аксарият ба ин муносибати бепарвоёна доранд. Дар замони ҳозира воситаҳои мобилии алоқаро ҳатто дар дасти бачаҳои синни томактабӣ дидан мумкин аст. Баъзе падару модарон ҳангоми шуғл бо кори хона ба кӯдакҳои ҳоло забон набароварда низ мултфилм ё ки видеоҳоро монда медиҳанд, вале дар бораи оқибатҳои манфии он ҳатто фикр намекунанд.
Хӯш, мутахассисон ва вакилони ҷамоатчигии васеи дар ин бора чӣ мегӯянд?
Чашм — гавҳар, онро ҳифз бояд кард
Отабек ИКРОМОВ,
сардухтури шифохонаи клиникии бемориҳои чашми Ҷумҳурии Ӯзбекистон

— Телефон тарафҳои барои саломатии инсон зарарнок дорад. Якум, он аз худ мавҷҳои электромагнитии хавфнок мебарорад. Зарари нургирӣ аз мавҷҳо барои бачаҳои хурдсол боз ҳам бештар буда, он минбаъд дар онҳо сабаби паст шудани иммунитет ва пайдо шудани муаммоҳо дар сохтори асаб мешавад.
Яке аз узвҳои асосии инсон, ки аз истифодаи тӯлонии гадҷетҳо азият мекашад, чашм аст. Бачаҳо дар як дақиқа ба ҳисоби миёна 18–20 маротиба мижа мезананд. Ин чашмҳоро намнок карда, монда шудани онҳоро пешгирӣ мекунад.
Дар аксарияти ҳол бачаҳо ба экрани телефон аз масофаи наздик нигоҳ карда, бозӣ мекунанд, видео мебинанд. Дар ин вақт онҳо мижа заданро фаромӯш менамоянд ва дар натиҷа чашм бештар монда мешавад. Ин метавонад ба муаммоҳое чун сабзиши «себ»-и чашм, паст шудани қобилияти дидан, нағз дида натавонистани дур (миопия), олусӣ, рафтани оби чашм ё ки сурхшавии музмин, синдроми хушк шудани чашм биёрад.
Падару модарон ва бачаҳо инро зуд ҳис намекунанд. Бемориҳои чашм, ки бештар дар оқибати истифодаи тӯлонии гадҷетҳо пайдо мешаванд, ҳангоми ба синфи якуми мактаб рафтани бачаҳо, дар баъзе ҳол ҳатто дар наврасӣ, мисол дар муоинаи тиббӣ, ки пеш аз даъват ба хизмати ҳарбӣ баргузор мешавад, муайян мегарданд.
Баъзе бачаҳо ва наврасон пеш аз хоб, гоҳо хоб нарафта, дар хонаи торик ба телефон нигоҳ карда мешинанд. Ин ҳолатест, ки ба он мутлақо роҳ додан мумкин нест! Агар чунин бедорхобиҳо пайваста идома ёбанд, мумкин ба бехобӣ, ба як ҷо ҷамъ карда натавонистани диққат ва ҳатто ба нобиноӣ орад. Дар рӯ ба рӯи гадҷетҳо гузарондани вақти бисёр хавфи ривоҷёбии бемориҳои бо сутунмӯҳра ва гардан вобастаро зиёд мекунад.
Бояд иқрор шуд, ки аксарияти мо аз телефон якпаҳлӯ дароз кашида истифода мебарем, ё ки нишаста ба экран гавда ва гарданро хам карда, нигоҳ мекунем. Дар натиҷа, дар бачаҳое, ки сохтори усутхони онҳо дар зинаи рушд аст, мумкин деформатсияи сутунмӯҳра, сколиоз, монда шудани мушакҳои гардан, спазмҳои пайдо шаванд. Бинобар ин ҳангоми истифодаи телефон, ё ки планшет онро камаш дар масофаи 40–50 см. ва дар баландии чашм бояд нигоҳ дошт.
Истифодаи дарозмуддати телефон ба ҳолати рӯҳӣ ва мосшавии иҷтимоии хурдсолон низ муаммоҳо ба вуҷуд меорад.
Бояд таъкид кард, ки мосшавии иҷтимоии бачаҳо аз таваллуд то даври томактабӣ ва мактабӣ нақши муҳим дорад. Чунки, дар ин давр бача бо дигарон мулоқот кардан, дар ҷомеа чӣ тавр нигоҳ доштани худ, меъёрҳои одобу ахлоқро меомӯзад, ақлан рушд мекунад ва дар ӯ таҷрибаҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбанд.
Пурзӯртар аз мутеъии нашъамандӣ
Зебунисо ХАЙРУЛЛОЕВА,
психолог
­— Агар фарзанди шумо ё ки худи шумо бе телефон худро бад ҳис кунед, шумо дар рӯ ба рӯи беморие истодаед, ки васеъ паҳн мешавад.
Ин беморӣ, ки эпидемияи асри ХХI таърифаш мекунанд, «Номофобия» аст. «Номофобия» — (аз англисии no mobilephone-­phobia) тарс аз бетелефонӣ. Тарс (фобия) аз бе телефони мобилӣ мондан, ё ки аз он дур шудан ҳисоб меёбад.
Боз як статистика: ҳоло бачаҳои 5–16-сола ҳар рӯз аз 3 то 8 соати вақти худро бо телефон мегузаронанд. Дар натиҷа, дар онҳо тобеӣ ба телефон, ҳисси тарси аз он ҷудо шудан пайдо мешавад. Мутаассифона, имрӯз номофобия ба яке аз бемориҳои психологӣ табдил ёфт, ки дар байни бачаҳо васеъ паҳн шудааст.
Мувофиқи тадқиқотҳо дараҷаи тобеӣ ба гадҷетҳо, аз ҳама беш, агар он аз хурдсолӣ ташаккул ёфта бошад, мумкин ҳатто аз тобеӣ ба нашъамандӣ ҳам пурқувваттар шавад. Муддати тӯлонӣ истифодаи бетартиби телефон ҳам ба саломатии ҷисмонӣ ва ҳам ба саломатии рӯҳии инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Пеш аз овардани маълумотҳои психологӣ дар бораи таъсири манфии гадҷетҳо ба бачаҳои хурдсол ва наврасон бояд гуфт, ки агар нуқсони психикӣ доштани бачаҳои хурдакаки қалби мурғакдоштаро нахоҳед, онҳоро аз як муаммои замони муосир — тобеӣ аз гадҷетҳо ҳифз намудан лозим аст. Тадқиқоти нав масъалаи ба саломатии рӯҳии бача таъсир намудани вақти дар назди экрани дастгоҳҳои электронӣ гузаронидаро ба миён мегузорад.
Боз як тарафи манфии гадҷетҳо ҳамин, ки онҳо ба пурра иҷтимоишавии бача, ки акнун муҳити атрофро дарк мекунад, монеъ мешаванд. Ба туфайли «ворид шудан ба дохил»-и телефон аз дунёи беруна канда шуда, барои вай сипас дар муносибат бо дигарон метавонанд муаммоҳои ҷиддӣ рӯй диҳанд.
Ҳисси муҳаббат ба китобро зиёд кунем!
Маҳбуба ТӮРАЕВА,
омӯзгор

— Агар эътибор диҳем, ҳоло бачаҳо аз телефонҳои мобилӣ, асосан барои машғули бозиҳои гуногун шудан истифода мебаранд. Баъзе донишомӯзон ба телефон ҳамин хел дода шудаанд, ки дар натиҷа ба навгонӣ ва тағйиротҳое, ки дар муҳити беруна рӯй медиҳанд, тамоман бе эътибор мегарданд. Дар дарсҳо низ ҳис мекунед, ки хаёли онҳо дар ҳамон телефон аст. Дар натиҷа, донишомӯз дарсҳоро нағз аз худ карда наметавонад, дар таҳсил душворӣ мекашад ва ба қафо мемонад.
Шиносоӣ бо паҳлӯҳои ҳаёт аввало дар оила оғоз мешавад. Бинобар ин, дар ин давр падару модарон вақти бештарро бо фарзандони худ гузаронда, ҳамроҳ ба махфилҳои гуногун рафта, дар бозиҳои ҷамоавӣ иштирок ва шавқи онҳоро ба варзиш, ҳисси муҳаббатро ба мутолиаи китоб бояд бедор кунанд.
Аз ҳама асосиаш, худи падару модарон аз гадҷетҳо то ҳадди имкон камтар истифода бурда, ба фарзандон намуна шаванд.
Дар асл ба бачаҳо тамоман таъқиқ кардани истифодаи телефон ҳам нодуруст аст. Чунки онҳо баробари зарар паҳлӯҳои фоидаовар низ доранд, албатта. Имкониятҳое, ки гадҷетҳои замонавӣ тақдим карда метавонанд, ба бачаҳо барои гирифтани донишҳои нав ёрӣ медиҳанд, ба онҳо дар ҷараёни таълим ёрӣ мерасонанд.
Аз ҳама муҳим, барои пешгирии зарар ба саломатӣ ва ба таъсири ғояҳои бегона афтода мондани бачаҳо, аз телефон чӣ қадар вақт ва бо кадом мақсад истифода бурдани онҳоро бояд мутазам назорат кард.
Оқибати бозиҳои даҳшатовар
Фирӯза РАҲИМОВА,
журналист

— Ду нафар фарзанд дорам. Барои он ки бачаҳо саривақт хӯроки худро хӯранд, дар вақти хӯрдани таом телефонамро ба онҳо медиҳам. Сипас, онҳо пас аз тановули хӯрок низ одати аз ман пурсидани телефонро бароварданд. Дар оғоз розӣ шудам. Ин ҳолат бо гузашти вақт онҳоро ба ҳолате овард, ки бе телефон истода наметавонистанд. Аз ҳама аламовараш, агарчи хонаамон дар бинои бисёрқабата аст, писарам аз таъсири бозиҳои даҳшатовар аз як хона ба хонаи дигар тарсида мегузашт.
Вазъият ранги ҷиддӣ мегирифт ва мо пешгирӣ кардани онро хостем. Аввало, бозиҳои дар телефон бударо ҳазф (удалить) кардам, сипас Wi-­Fi-ро канда мондам.
Барои шуғли хуби моторикаи даст бозича ва легоҳо овардам. Дар ҳавои тоза вақти бештари худро мегузарондем. Рӯзҳои аввал дар дастам телефонро бинанд, «те» гӯён хархаша мекарданд. Сипас, худам низ телефонро аз онҳо пинҳон намуда, танҳо ҳангоми зарурат кор мефармудам.
Хулоса, оҳиста-­оҳиста тарсе, ки дар бачаҳоям буд, аз байн рафт, бовариаш ба худаш афзуд. Ва аз ҳама асосӣ, хархашаи телефон кам шуд.
Фарзандамро аз телефон бо душворӣ «ҷудо» кардам
Розия ҲУСАЙНОВА,
хонанишин
— Росташро гӯям, фарзанди худро аз телефон бо душворӣ ҷудо кардам. Дар аввал ин маълум набуд. Агар барои телефон ҷанҷол кунад, онро ба дасташ, медодаму халос. Вале сипас вазъият ҷиддитар ранг гирифт. Агар гап назанам, духтарам рӯзи дароз сар аз телефон намебардошт.
Аз ин бадтар, чашмонаш сурх шуда, оби чашм мекард, мижаҳояш ҳар замон «мепариданд», оҳиста-­оҳиста дурро хира медид. Инро ҳангоми ба кӯдакистон бурда овардан ҳис кардам. Хотира, шунавоӣ ва бинишӣ ӯ бад шуда, инҷиқӣ мекард, фикрашро ба як ҷо ҷамъ карда наметавонист. Тарсидам. Дарк намудам, ки тинҷии худамро фикр карда, ба дасти духтарам телефон дода мондан, хатои калонам шудааст.
Баъд аз ҳамин духтарамро ба муоинаи шифокор бурдам. Вай маро сарзаниш намуда, фаҳмонд, ки табобатро ҳар чи зудтар оғоз кунем. Барои чашмаш дору навишта дод. Муолиҷа кардем. Сипас бачаамро ба бозиҳои дигари зеҳнӣ ҷалб намуда, аз телефон «ҷудо» кардем. Ҳоло дар ин масъала назоратро пурзӯр намудаем.