Ovozi.uz

Таърихро бояд бидонем…

Дирӯз дар мактаби мо бахшида ба 688-солагии Соҳибқирон Амир Темур дар байни хонандагони синфҳои 8-уми «A» ва «Б» бозии интеллектуалии “Заковат” гузаронида шуд.
Дар оғози чорабинӣ директори мактаб М.Муродова таъкид кард, ки барои дирӯзи халқи худро донистан, кас бояд таърихро омӯзад. Вақте саҳифаҳои таърихро варақ мезанем, аён мегардад, ки Соҳибқирон Амир Темур низ дар таърихи кишвар ба сифати арбоби бузурги давлатӣ, сарлашкари моҳиру шоҳи бунёдкор созандагиҳои зиёдро анҷом додааст. Дар манбаъҳои таърихӣ Амир Темур на танҳо чун Соҳибқирон, балки бо номҳои «Соҳиби ҷаҳон», «Соҳиби адл», «Соҳиби адолат» низ ёд мешавад.
Дар идома донишомӯзон аз рӯйи саволҳо дар бораи сохти давлатдорӣ, маъмурӣ ва саланати Амир Темур, мавқеи давлати Темуриён дар таърихи ҷаҳон рақобат карданд.
Дар анҷом хонандагони синфи 8-и “В” бо ҷамъоварии 10 хол ҷойи аввалро ишғол намуданд ва аз тарафи маъмурияти мактаб бо ташаккурномаву тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.
Нигора СОЛЕЕВА, муаллимаи фанни таърихи мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд