Дар Маркази ресусрҳои ахбории Институти идораи захираҳои инсон ва рушди маҳаллаҳои назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд озмуни “Лигаи китобхонҳои ҷавон” баргузор гардид.
Дар озмун, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи китобхонӣ, нақш ва аҳамияти асарҳои бадеӣ дар ҳаёти ҷавонон, тарбияи ҷавонони мо аз ҳар ҷиҳат солиму баркамол, фароҳам овардани шароит барои китобхонӣ ташкил гардид, донишҷӯёни 9 факултет бо дастаҳои шашнафарӣ иштирок карданд.
Дар он иштирокдорон аз рӯи шартҳои “Асари дӯстдоштаи ман” ва “Китобхони аз ҳама доно” қувваозмоӣ карданд.
Дар шарти аввал як нафар узви даста дар бораи асари дӯстдоштаи худ шарҳи кӯтоҳ дод. Дар доираи шарти дуввум байни дастаҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти 30 нафар ҷадидон саволу ҷавоб доир гардид.
Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ дастаи факултети филология ҷойи якум, факултети таърих ҷойи дуюм ва ҷамоаи факултети психология ва илмҳои ҷамъиятию сиёсӣ ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Ҷамоаҳои ғолиб бо диплому ташаккурномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Асалой САРХАТЗОДА
