Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд онро дар об андохта шустушӯй медиҳанд. Сурмаи шустагӣ барои даво латифтар ва форамтар мегардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Ба қавли Абӯалӣ ибни Сино, мизоҷи ин дар дараҷаи якум хунук ва дар дувум хушк аст. Вале ҳаким Муҳаммад бинни Ҳасан гуфтааст, ки сард ва хушк дар дараҷаи чаҳорум мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: сурмаро ба дарун банудрат истеъмол мекунанд. Зеро агар бихӯранд, овозро мегирад, ба узвҳои даруни сина ва шуш, инчунин ба буғумҳо зарар дорад. Агар инро бисёртар бихӯранд, қотил аст.
Сурмаро ба чашм кашанд, саломатии чашмро нигоҳ медорад, асабҳои ин узвро қавӣ мегардонад, биноии пиронро меафзояд, инчунин ҳарорат, рутубат ва хирми чашмро дафъ мекунад, захмашро шифо мебахшад. Барои дарди сар, хунравӣ аз ҳар ҷойи бадан, ки бошад, барои пок намудани рими решҳо ва нест кардани гӯшти ҳароми онҳо, ба ҳам оварда сиҳат кардани реши мақъад, ба ҳам часпонидани даҳани ҷароҳатҳо даво мешавад.
Инро бо андак мушки соида даромехта, ба чашм кашанд, биноии чашм ва асабҳои онро қувват мебахшад, хирмашро ҳам нест мекунад. Агар бо марворид, саргини калтакалос ва наботи сафед даромехта, ба чашм кашанд, пардаи бар он афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад ва инчунин гули чашмро дафъ менамояд. Агар инро бо татуми соида якҷо карда ба чашм кашанд, обравӣ ва кӯтури чашмро ислоҳ месозад. Чун икдимиё ва сурма — ҳардуро баробарвазн гирифта, нарм ва маҳин соида, бо асали кафкгирифгаи рақиқ (суюқ) даромехта, ба чашм кашанд, дарди сарро ба ибро меоварад, ба шарте ки агар сар аз тарафи рост дард мекарда бошад, ба чашми рост ва агар тарафи чапи сар дардманд бошад, ба чашми чап мекашанд, вале агар дард дар ҳар ду ҷониб бошад — ба ҳардуи чашм.
Сурма ва хислати он
