Ovozi.uz

«Қаҳрамонон ҷовидона зиндагонӣ мекунанд»

Тошпӯлод Урхун аз эҷодкорони саршиноси мо ба ҳисоб меравад. Ӯ соли 1964 дар маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Ургут таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолияти меҳнатиашро аз ҳуруфчинии матбааи ноҳияи Ургут сар кардааст. Баъд аз соли 1994 то 2016 дар телевиденияи ҷумҳурӣ мухбир, муҳаррир, муҳаррири калон ва дар шӯъбаи вилоятии Телерадиокомпанияи миллии «Диёр» дар вилояти Самарқанд вазифаи муҳаррири калонро ба ҷо овардааст. Аз соли 2017 роҳбари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аст.

Тошпӯлод Урхун баробари эҷодкори пурмаҳсул будан ба дарки масъулияти суханварӣ ва тобишҳои маънавии сухани бадеъ хуб сарфаҳм меравад. Аз ин рӯ, маҳорати эҷодии худро сол аз сол баланд бардошта, ба комёбиҳои калон ноил мегардад. Ба ин маҷмӯаҳои шеърии «Мужда», «Кечиккан жазо» — («Ҷазои дермонда»), китоби мутоиботи «Бир куни мухбирлар…» — («Як рӯз мухбирон…») ва асарҳои бадеиву публитсистии «Қаламни қадрлаб…» — («Қадрсозии қалам…»), «Умр зинати» — («Зинати умр»), «Қаҳрамонлар мангу яшайди» — («Қаҳрамонон ҷовидона зиндагонӣ мекунанд») мисол шуда метавонанд.

Соли ҷорӣ якбора ду китоби нави Тошпӯлод Урхун — «Сурур» ва «Умр карвони» («Корвони умр») чоп гардид.

Дар китоби «Сурур»-и ӯ бисёр шеърҳои пурқуввати шоир ҷой гирифтаанд. Дар маҷмӯи «Корвони умр»-и шоир асосан шеърҳои кӯтоҳ, чорпора ва туюқҳо ҷой гирифтаанд.

Мо аҳли таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» устодро ба муносибати зодрӯз ва чопи китоби тозанашр табрик гуфта, барояшон умри дарози саъдиёна, сиҳатию барори кор таманно дорем.

ШОМИ ДЕҲОТ

Ин шоми деҳот шоми фараҳбахш,
Бахшад ҳаловат, бар ҷисм ором.

Сад боғи райҳон пуратри оғӯш,
Сар монда бар дӯш олам чӣ хушком.

Ин шоми деҳот, шоми фараҳбахш,
Бо ҳиссиёти сеҳри гуворо.

Лолаарӯсак пӯшида сад бом,
Бахшад ба маъшуқ гӯё наворо.

Ҳар як ситора дар бурҷи кайҳон,
Аз баҳри ошиқ шамъи нурафшон.

Муште накӯбанд оинаҳоро,
Бесамар ронад шаб субҳи дамон.

Инчунин бинам пайкари ҳайрат,
Хонанд офарин милён садоҳо.

Сабзаю ҷонзот як тану ҷонанд,
Дар рӯзи висол роз гӯянд онҳо.

Ин шоми деҳот, шоми фараҳбахш,
Бахшад тароват бар ҷумла инсон.

Ба ту гӯям сир, дӯстат медорам,
Ҷовидон монӣ мулки ошиқон.

СУБҲ ДАМИД

Омада субҳи содиқ, хуршеди зарин расид,
Ба чашмам нури зиё, аз чархи барин расид.

Дар васфи ин муҳаббат садҳо асар навиштам,
Ҳар сатри он ба гӯшат фораму маҳин расид.

Надорад сарҳаде он шеваашро надонам,
Сабзаи гулгун дамид, соқии дерин расид.

Ба домӣ парвонае гӯё, ки моҳу хуршед,
Шайтон бисӯхт аз рашк тире аз камин расид.

Ӯрхун зи халқ ҷӯяд ин дам шарори ишқаш,
Дилро шеъру тарона, гӯӣ аз ҳамин расид.

Тарҷумаи Асадулло ШУКУРОВ