Ovozi.uz

То як усторо Аноров сохтана…

Корманди «Овози Самарқанд» Шӯҳрати Ҳусейн ба номи сармуҳаррири рӯзнома барои кори нимштатина ариза навишт.

Сармуҳаррир, ки Шӯҳратро ҷавоб доданӣ набуд, ба наздаш хонда, пурсуҷӯ кард.

— Шӯҳратҷон, қалами шумо зӯр, о барои чӣ шумо кора кам карданӣ?

— Э, муаллим хонаба андак кор мӯлӣ мекунад, боз сохтмони нотамом дорам…

— Шӯҳратҷон, шумо ба ман диққат карда гӯш кунед. Шумо нағз фаҳмед, ки кора хато кайсед. О, дар ҳамун сохтмонатон усто кор фармоеду худатон қалам занед беҳтар нест? Шӯҳратҷон, нағз донед, ки дар хона ҳарчанд кор кунед ҳам шумо устои зӯр шуда наметавонед. Барои як усторо Аноров сохтан (Аноров — фамилияи Шӯҳрат) 15 сол вақт даркор. Даҳ соли мактаб ва панҷ соли донишгоҳ. Боз мегӯям: барои як усторо Аноров сохтан 15 сол даркор!

Огоҳёфтагон ба «пешгӯӣ»-ву ақлу идроки Ғафурҷон Маҳмудов қоил шуданд.

Озод ҲАМИДЗОДА

©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»