Ovozi.uz

Трамп ба берун кардани миллионҳо муҳоҷир аз ИМА ваъда дод

Доналд Трамп дар нутқи аввалини худ ҳамчун Президенти ИМА маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ҳудуди Амрико, оғоз намудани ҷараён берун кардани муҳоҷирон аз кишварро маълум кард.

— Тамоми ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зудӣ боздошта мешавад, миллионҳо нафар муҳоҷирони ҷиноӣ ба кишвари худ бармегарданд, — гуфтааст ӯ.

Инчунин, роҳбар ҳамчун қадамҳои аввалин қавл дод, ки вобаста ба вазъияти сарҳади ҷанубии ИМА ҳолати фавқулодаи миллӣ ҷорӣ мекунад.