Ovozi.uz

Дар ноҳияи Самарқанд барои «ҳафтгона»-и маҳалла семинари хонишӣ гузаронида шуд

Дар мактаби бачагонаи мусиқа ва санъати рақами 12 ва мактаби таълими умумии рақами 38-и ноҳияи Самарқанд дар секторҳои 1,2,3 ва 4- и ноҳия барои ҳафтгонаи маҳалла семинари хонишӣ шуда гузашт.
Дар семинар мураббиёни пуртаҷриба аз рӯйи ташкили фаъолияти ҳафтгонаи маҳалла, вазифаҳои асосии иттиҳоди маҳаллаҳо, сохтори буҷаи маҳалла, дар маҳаллаҳо тавассути агентҳо хидматрасонии давлатӣ, истифодаи босамар аз сохтори “Mobile-id” ва дар самтҳои манавият ва маърифат маърӯзаҳо карда, фаҳмондадиҳиҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Инчунин, дар давоми семинар дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои раиси маҳалла, ёрдамчиёни ҳоким, сарварони ҷавонон, фаъоли зан-духтарон, нозирони профилактикӣ, ходими иҷтимоӣ ва нозири андози батафсил маълумот доданд.