Аз соли равон сар карда, ҳар сол озмуни «Намунатарин раиси маҳалла» гузаронида мешавад. Бино ба низоми озмун, мурод аз баргузории он оммавигардонии таҷрибаи кории пешқадами маҳаллаҳо, зиёд намудани самарадории фаъолияти ходимони соҳа, инчунин васеъ намудани доираи маҳаллаҳои намунавӣ, пурзӯртар кардани муносибатҳои шарикии иҷтимоӣ миёни органҳои ҳокимияти давлатии маҳаллии ин сохтор ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ-ғайритиҷоратӣ мебошад.
Дар озмун аз 215 маҳаллаи шаҳр, раисони 8 маҳалла барои пирӯзӣ ҳаракат карданд. Иштирокчиён аз рӯи се шарт рақобат карданд. Ҳар як шарт аз ҷониби ҳайъати доварон дар системаи 35-балла баҳогузорӣ шуд.
Мувофиқи натиҷаи озмун, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Боғимайдон» Тошпӯлат Раҳматуллоев ба ҷои якум сазовор дониста шуд. Марҳилаи вилоятии озмун санаи 5-уми март гузаронида мешавад.
Манбаъ: Зарнюс.уз
