Ovozi.uz

Эътибор ба намудҳои пара варзиш меафзояд

Муносибат

Рӯзи 20 уми феврал таҳти раёсати Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба вазифаҳо дар соҳаи ҳимояи иҷтимоӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид. Дар он корҳои дар соҳа амалишударо таҳлил ва самтҳои тағйир додани фаъолияти сохторро муайян карданд.
Аз ҷумла, дар ҷамъомад барои шахсони ногирои дошта ташкил кардани Ассотсиатсияи ривоҷдиҳии варзиш пешниҳод гардид. Мувофиқи он ба таркиби Ассотсиатсияи махсуси олимпии Ӯзбекистон дохил шудани Кумитаи паралимпӣ, федератсияҳои дахлдори варзишро таъкид намуданд.
Ташаббуси мазкур барои бо варзиш шуғл варзидани шахсони имконияташон маҳдуд ва ногироидошта аҳамияти муҳим дорад.
Ассотсиатсия аз маҳалла то ба сатҳи ҷумҳурӣ барои бо варзиш машғул шудани шахсони ногироидошта фаъолият пеш мебарад ва дар доираи «Панҷ ташаббус» мусобиқаҳои варзиширо ташкил мекунад. То имрӯз дар доираи «Паралимпиадаи панҷ ташаббус» намудҳои варзиш чун пара атлетикаи сабук (давидан, партофтани найза ва гулӯла (ядро), пара тенниси рӯимизӣ, тенниси рӯимизӣ дар аробача, пара шоҳмот ва пара шашка мусобиқаҳо ташкил карда шудаанд. Дар соли 2023 аз вилояти мо дар зинаи якум ва дуюми мусобиқаҳои мазкур 662 нафар ҷавонон иштирок карданд. Варзишгарони мо дар зинаи ҷумҳурии мусобиқаҳо 6 то медали тилло ва 1 то нуқра ба даст оварданд.
Бо мақсади таъмини вазифаҳое, ки дар ҷамъомад гузошта шуданд, барои ба варзиш ҷалб кардани шахсони имконияташон маҳдуд ва ногироидошта, хонанишин нашудан, ба ҷомеа ҳамроҳ шудан ва таъмини шуғли онҳо дар 23 то муассисаҳои варзишии шаҳр ва ноҳияҳо фаъолияти 80 то пара гурӯҳро роҳандозӣ карданд. Ба 342 нафар пара варзишгар, ки дар онҳо шуғл меварзанд, 43 нафар мураббӣ ва мутахассис вобаста карда шуданд.
Бояд гуфт, ки баъди дар соли 2021 ташкил шудани Кумитаи миллии паралимпии Ӯзбекистон ва шӯъбаҳои минтақавии он эътибор ба намудҳои пара варзиш боз ҳам афзуд ва барои натиҷаҳои баландро ба даст овардани шахсони ногироидошта шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Мисол, дар Олимпиадаи Пара Осиё, ки соли 2023 дар Хитой баргузор гардид, аз вилоятамон 12 нафар варзишгар аз рӯи 6 намуди пара спорт иштирок карда, соҳиби 2 то медали тилло, 1 то нуқра ва 5 то биринҷӣ гардиданд.
Барои ба варзиш ҷалб кардани ҷавонони ногироидошта якҷо бо сарварони ҷавонони маҳалла ва мураббиёни мактабҳои варзишӣ корҳои тарғиботӣ ва интихобкунӣ (селексия) амалӣ мешаванд. Агар дар соли 2023 беш аз 200 нафар шахсони имконияташон маҳдуди болаёқатро ба мусобиқаҳо ҷалб карда бошанд, дар соли равон ба 300 нафар расондани ин нишондиҳанда ба нақша гирифта шудааст.

Арслонбек ЁРҚУЛОВ,
директори иҷроияи шӯъбаи вилоятии Кумитаи миллии паралимпии Ӯзбекистон