Дар мамлакати мо ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҳифзи оила, саломатии модару кӯдак, рушди соҳибкории занон, таъмини шуғли онҳо ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.
Мувофиқи қарори Президенти мамлакатамон аз 21 уми сентябри соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба таъмини шуғли занону духтарон ва мустаҳкам намудани саломатии онҳо» дар маҳаллаҳо ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои таъмини шуғли занону духтарон ва мустаҳкамнамоии саломатии онҳо муайян шуда буд. Бар асоси ин қарор дар ноҳияи Тайлоқ 41 то марказ таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард.
Яке аз чунин марказҳо дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи «Қӯшчинор» мебошад, ки ба он ҳунарманди моҳир Ҳилола Нодирова роҳбарӣ мекунад. Ӯ баробари корҳои ташкилотчигӣ, ба бонувон асрори дӯзандагиро меомӯзонад.
— Марказамон моҳи июни соли 2023 ташкил ёфт, — гуфт Ҳилола Нодирова. — Мақсади мо ба воситаи ривоҷ додани хонакорӣ, бой гардонидани буҷети оила, аз хонакорӣ истифода бурда васеъ намудани истеҳсолот, инчунин, таъмини шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи занону духтарони бекор мебошад. Дар аввал бо кӯмаки ёрдамчии ҳоким аз бонк кредити имтиёзнок гирифта, 4 то мошини дарздузӣ харидам ва фаъолияти марказро оғоз кардам. Ҳоло ба 15 нафар зан ҳунар меомӯзам. То имрӯз чанд нафар занону духтароне, ки дар марказ ҳунар омӯхтанд, аллакай мустақилона кори худро оғоз карда, ба мардуми гирду атроф хидмат мекунанд.
Дар марказ занон на танҳо касбу ҳунар меомӯзанд, балки барои беҳдошти саломатии худ бо варзиш низ машғул мешаванд.
— Дар ноҳия 41-то чунин марказ кушода шуда, аз онҳо 37 то дӯзандагӣ, 2 то маҳсулоти қаннодӣ ва 2 то маҳфилҳои фитнесӣ мебошанд, — гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия Ноила Қамбариддинова. — То имрӯз аз ҷониби марказҳо шуғли 125 нафар таъмин гардиданд. Ҳамаи онҳо бо мақсади солимгардонии занон бо таҷҳизоти варзишӣ, аз ҷумла, тенниси рӯимизӣ, тахтаи шашкаву шоҳмот ва намудҳои дигари варзиш таъмин шудаанд.
Нигина РАҲМАТОВА, роҳбари хидмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Тайлоқ
