Ovozi.uz

Дар Бухоро марди 49 сола занашро бо зарби корд ба ҳалокат расонд

Тибқм маълумоти прокуратура дар Бухоро марди 49 сола бо сабаби рашки бемаврид занашро бо корд зада ба ҳалокат мерасонад. Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 22 апрел дар қишлоқи «Полвонлар»-и ноҳияи Қоракӯл содир гардидааст. Маълум мегардад, ки марҳума (соли таваллуд 1990) ва шавҳараш (соли таваллуд 1975 ) дар натиҷаи рашк, ҷанҷол бардошта, бо корди ошхона якчанд маротиба ба тани завҷааш мезанад. Дар натиҷа зан аз таъсири он вафот мекунад. Нисбати ҳолати мазкур мувофиқи кодекси ҷиноӣ бо моддаи 97 қисми 1 айбдор дорниста шуда, парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.