Санаи 3-юми июни соли ҷорӣ сокинони сайёра шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд. Дар ин бора сомонаи Starwalknews хабар додааст.
Дар ин рӯз дар як қатор саф кашидани 4 сайра — Муштарӣ, Уторид, Миррих ва Зуҳалро бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин мумкин аст. Инчунин, сайёраи Уранро, ки ба Уторид наздик аст ва Нептунро, ки ба Зуҳал наздик аст, тавассути дурбини астрономӣ дидан мумкин аст.
Сафкашии сайёраҳо истилоҳи астрономӣ буда, маънои дар як қатор саф кашидани сайёраҳоро дорад. Ин падидаро ба таври ғайрирасмӣ “ҳамбастагии сайёраҳо” низ мегӯянд.
Сафкашии панҷ сайёра ё бештар аз он падидаи нодир ҳисобида мешавад.
Ба иттилои Starwalknews то охири соли оянда дар маҷмӯъ панҷ ҳолати сафкашии сайёраҳо дар назар аст:
3 июни соли 2024,
28 августи соли 2024,
18 январи соли 2025,
28 феврали 2025,
29 августи соли 2025.
Дар ин силсила сафкашии 28-уми феврали соли 2025‑ро камёб арзёбӣ мекунанд, ки зимни он ҳамаи ҳафт сайёраи дигар намоён хоҳанд шуд. Онро тавассути дурбини астрономӣ беҳтар тамошо кардан мумкин аст.
3-юми июни соли ҷорӣ сайёраҳо дар як қатор саф мекашанд
