Саломатӣ
Ба ҳаққи шифокорон гуфтани чунин суханони нағзро аз даҳони аксарияти корафтодагон, ки ба пункти шифокории оилавии филиали Катта турки поликлиникаи марказии бисёрсоҳавии Челаки ноҳияи Пайариқ барои гузаштан аз санҷиши тиббӣ меоянд, шунидан мумкин аст.
— Аксари мо ба «Ман солим ҳастам, аз санҷиши тиббӣ гузаштан ба ман чӣ даркор?» гуфтан одат кардаем, — гуфт сарвари Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Пайариқ Саидазим Ӯтамуродов. — Агар беморӣ каме хурӯҷ кунад, ба худ «Гузашта меравад» гуфта, вақтро мегузаронем. Аммо бемориҳое ҳастанд, ки инсонро оҳиста-оҳиста аз по меафтонанд. Мутаассифона, ҳамон вақт даво кардани беморӣ мушкил мегузарад.
Ҳоло ба табобати тиббии имрӯза назар андозем, маданияти тиббии одамон қадре афзудааст. Онҳое, ки ба санҷиши тиббӣ меоянд, бо шифокорон кушоду равшан мулоқот мекунанд. Ба саволҳояшон ҷавоб мегиранд. Албатта, муваффақ шудан ба чунин натиҷаҳо самараи эътибори ҷиддӣ додани давлат ба хидмати тиббӣ мебошад. Ҳоло ба кадом пункти шифокории оилавӣ наравем, шароитҳои зарурӣ ҳаст. Танҳо аз он босамар истифода бурдан лозим.
— Дар санҷиши тиббии мазкур қариб 600 нафар аҳолӣ иштирок карданд. Аз инҳо дар 178 нафарашон бемориҳои гуногун аниқ гардид, — суханро идома дод С. Ӯтамуродов. — Аз рӯйи бемориҳои аниқгардида 110 нафарашон дар шароити амбулаторӣ табобат мегиранд. Ба 3 нафар барои давоёбӣ дар шифохонаҳои вилоят ва ба 21 нафар ба шӯъбаҳои иттиҳодияи тиббии ноҳия роҳхатҳо дода шуданд.
Ҳ.ХОЛДОРОВ
