Ovozi.uz

Ҳунар аз ганҷу зар беҳ

Дар мамлакати мо бо ташаббуси роҳбари давлат дар соҳаи ҳунармандӣ шароитҳои зиёде фароҳам оварда шуда, барои ривоҷи ҳартарафаи ҳунармандӣ як қатор имкониятҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла, дар асоси фармони Президент «Дар бораи чораҳои боз ҳам ривоҷ додани ҳунармандӣ ва дастгирии ҳартарафаи ҳунармандон» узви Иттиҳоди «Ҳунарманд» барои коркард ва фурӯши маҳсулоти худ аз андозҳои муқарраршуда озод гардид. Илова бар ин, барои ҳунармандоне, ки дар ин иттиҳод фаъолият мебаранд ва дар устохонаҳои махсуси муассисаҳои таълими касбӣ бо таълимдиҳӣ сару кор доранд, ҳуқуқи напардохтани андоз ҷорӣ гардид. Инчунин, барои ҷойгирсозии воситаи рекламаҳои берунӣ ба ҳунармандон имконияти пардохти 50 фоизӣ буҷаи маҳаллӣ дода шуд.
Дар вилояти Самарқанд низ чанд маркази ҳунармандӣ, аз ҷумла, «Маркази ҳунармандони Самарқанд», Маркази ба ҳунармандон кӯмакрасонии «Руҳобод» фаъолият доранд.
Мо барои аз назар гузаронидани фаъолияти ҳунармандон ба «Маркази ҳунармандони Самарқанд», ки дар кӯчаи ба номи Ислом Каримови шаҳр ҷойгир аст, рафтем. Дар ин ҷо намунаи кори 17 нафар ҳунармандон ба намоиш гузошта шудааст.
Дар ин маркази ҳунармандӣ меҳмонон, аз ҷумла сайёҳони хориҷӣ ба намунаи ҳунари кулолгарӣ, кандакории чӯб, мисгарӣ, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои миллӣ, кашидадӯзӣ, миниатюра, заргарӣ бо таваҷҷӯи зиёд менигаранд.
— Инсоне, ки ҳунар омӯхтаасту ҳунарманд аст, ҳеҷ гоҳ хорӣ намебинад, — гуфт сарвари садорати вилоятии Иттиҳоди «Ҳунарманд Умед Ҳакимов. — Ҳунари хуб ба инсонҳо манфиат мерасонад.
Имрӯзҳо баъзе ҳунарҳое ҳастанд, ки ба дараҷаи нестшавӣ расидаанд. Масалан, ҳунарҳои Самарқандро агар гирем, қуроқдӯзӣ ва аз навдаҳо бофтани ашёи гуногун камшумор ҳастанд.
Барои гум нашудани ҳамин гуна ҳунарҳо бештар ҷавононро ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардан лозим аст.
Воқеан, ҳунаромӯзӣ шараф буда, пос доштани ҳунарҳо аҳамияти муҳим дорад. Тавре бузургон мегӯянд:
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Ҳунаре беҳ, ки диҳад симу зарат
Ҳунаре аз дилу ҷон ранҷ барад.

Юсуф ҒАФФОРОВ