Ovozi.uz

Истифодаи бозиҳои интерактивӣ дар ҷараёни дарс

Дар давоми соли таҳсил мо донишҷӯён ҳар ҳафта ду рӯз барои таҷрибаомӯзӣ ба мактаби таълими умумии рақами 43_и ноҳияи Самарқанд рафтем. Дар рафти амалиёт, ки чанд моҳ идома ёфт, дар дарсҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ иштирок карда, раванди машғулотҳоро мушоҳида намудем ва тарзи дарсдиҳиро омӯхтем. Аксар омӯзгорони ботаҷриба барои пурмазмуну босамар ва шавқовар гузаронидани дарсҳо аз бозиҳои интерактивӣ истифода мебурданд. Бояд гуфт, ки дар ҷараёни чунин дарсҳо донишомӯзон низ фаъол иштирок мекарданд.
Яке аз методҳои шавқоваре, ки дар рафти таҷрибаомӯзӣ бароям писанд омад, бозии «Пуфакро кафон» буд.
Мувофиқи шарти ин бозӣ, нахуст муаллим дар даруни пуфакҳо шарт ё саволҳои гуногунро аз рӯйи мавзӯъ мегузорад. Сипас, чанд нафар донишомӯзонро назди тахтаи синф хонда, супориш медиҳад, ки пуфакро то қариби кафиданаш дам диҳанд. Баъд аз кафонидани пуфак хонанда аз дохили он варақчаро гирифта, ба савол ҷавоб медиҳад ё шартро иҷро мекунад.
Истифодаи ин бозӣ дар ҷараёни дарс дар донишомӯзон хислатҳои чаққонӣ, заковатмандӣ ва фаъолиро ташаккул медиҳад. Бояд гуфт, ки аз ин бозӣ дар рафти дарсҳои синфҳои ибтидоӣ истифода намудан самарабахштар аст.

Хуршеда САТТОРОВА