Рӯзҳои 10-13-уми июни соли равон дар Маркази байналмилалии сайёҳии “Роҳи абрешим”-и шаҳри Самарқанд ҷамъомади ғайринавбатии Сарассамблеяи Федератсияи байналмилалии автомобилӣ(FIA) гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ, ки ба муносибати 120-солагии таъсиси федератсия баргузор гардид, беш аз 500 нафар мутасаддиён, намояндагони клубҳои авто-мото, федератсия ва ассотсиатсияҳои 147 мамлакати узви федератсия иштирок карданд.
Дар маросими кушодашавии тадбир роҳбари Департаменти администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одил Абдураҳмонов, Президенти Федератсияи байналмилалии автомобилӣ(FIA) Муҳаммад Аҳмад бин Сулаймон, вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов, витсе-президенти Шӯрои олимпии Осиё Отабек Умаров, саркотиби Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Ойбек Қосимов иштирокдорони анҷуманро хайра мақдам гуфта, дар бораи рушди автоспорт дар сатҳи ҷаҳонӣ, аҳамияти чорабинӣ дар таҳкими ҳамкориҳо, табодули таҷриба ҳарф заданд. Зикр гашт, ки дар раванди ислоҳот бобати оммавигардонии варзиш, ба рушди автоспорт низ эътибор дода мешавад.
– Дар шаҳраки Олимпӣ, ки дар шаҳри Тошканд бунёд мегардад, барои ривоҷдиҳии намудҳои авто-мотоспорт майдонҳои махсус, роҳравҳо низ ташкил мегардад, — гуфт А.Икромов. – Бояд гуфт, ки барои мутобиқи андозаҳои ҷаҳонӣ бунёд кардани ин майдонча ва роҳравҳо коршиносони FIA маслиҳат ва ёрии худро дареғ надоштанд.
Президенти Федератсияи байналмилалии автомобилӣ Муҳаммад Аҳмад бин Сулаймон дар сатҳи олӣ баргузор гардидани анҷуманро эътироф намуда, пешниҳод кард, ки дар байни автоспортчиҳои кишварҳои Роҳи бузурги абрешим мусобиқаи байналмилалии “Silk road cup” ташкил гардад.
Дар мулоқоти намояндагони кишвари мо бо масъулони FIA, ки дар доираи ин чорабинӣ гузаронида шуд, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳодҳо оид ба рушди ояндаи варзиши автомобилӣ баррасӣ шуд.
Иштирокдорони анҷуман аз намоишгоҳ оид ба автоспорт, ки дар маркази сайёҳӣ ташкил гардид, дидан карданд.
Алишер ИСРОИЛОВ
Ҷамъомади ғайринавбатии FIA дар Самарқанд гузаронида шуд
