Ҳайати намояндагони Самарқанд таҳти сарварии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар доираи сафари худ ба Федератсияи Россия ба вилояти Пенза ташриф намуданд.
Дар Хонаи губернатории Пенза байни ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов ва губернатори Пенза О. Мелниченко вохӯрӣ баргузор гардид.
Губернатор қайд кард, ки вилояти Пенза ба муносибатҳои конструктивӣ ва манфиатноки дуҷониба, аз ҷумла, дар соҳаҳои савдо-саноат, хоҷагии қишлоқ, маданият ва сайёҳӣ омода аст. Ба гуфтаи О. Мелниченко ҳамкорӣ бо вилояти Самарқанд, хусусан ташкил намудани корхонаи муштарак аҳамияти муҳимро касб мекунад.
— Ман боварӣ дорам, ки ташрифи шумо ба вилояти Пенза ба муносибатҳои иқтисодию фарҳангӣ таъсири худро мерасонад ва аз дидани шумо дар сарзамини мо бисёр шодам, — гуфт О. Мелниченко.
Ёдрас мекунем, ки дар моҳи июн тадбиркорони вилояти Самарқанд ба вилояти Пенза омада, бо иқтисоду салоҳияти ин ҷо шинос шуданд. Аз корхонаҳои маҳаллӣ дидан карда, ҳамкориҳои аввалинро ба роҳ монданд.
Э. Турдимов низ ба фикри ҳамкасбаш ҳайрхоҳӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки дар натиҷаи вохӯрии дӯстонаи роҳбарони ду кишвар, муносибатҳои минтақаҳо боз ҳам бо суръат ба пеш рафта, ба дараҷаи нав мебарояд. Пешниҳодҳое, ки ҳокими вилоятамон гузошт, саноати сохтор, фан ва таълим, сайёҳӣ ва такмил додани технологияҳои IT, мутахассисонро омодаи касб кардан ва дигарон мебошанд.
Бо иштироки вакилони ҳукумат ва намояндагони соҳибкорони ҷонибҳо бизнес-форум гузаронида шуд.
— Чорабинии мазкур на танҳо ба мустаҳкам намудани муносибатҳои иқтисодӣ, балки барои боз ҳам наздик шудани маданиятҳои ду халқи бародар кӯмак мерасонад, — гуфт раиси ҳукумати вилояти Пенза Николай Семёнов.
Ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов тадбиркорони Пензаро ба ҳамкории фаъол даъват намуда, бо вакилони компанияҳои он ҷо музокираҳо кард. Ширкатҳои Agromehanika, Моторний технология, Арматула, Villinа дар вилоятамон марказҳои дилериро кушода, ёфтани ҳамкоронро мақсад карда бошанд, як қатор компанияҳои дигар хоҳиши дар Самарқанд фаъолият намуданро изҳор карданд.
— На танҳо Самарқанд, балки тамоми кишвари Ӯзбекистон ҳамчун ҳамкори стратегӣ барои мо муҳим аст, — гуфт Дмитрий Иванов, директори ширкати «Villinа» оид ба корҳои тиҷоратӣ. — Ин гуна вохӯриҳо барои мо хеле фоиданок мебошад. Дар ин гуна форумҳо мо имкони ёфтани ҳамкорони бештар, бо онҳо мулоқот карданро пайдо мекунем.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят.
