Ovozi.uz

Дар Мотруд истгоҳи нақлиётӣ месозанд

Имрӯзҳо дар вилояти Самарқанд бо мақсади пешгирии тирбандӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон дар роҳҳо дар соҳаи нақлиёти ҷамоатӣ корҳои самаранок амалӣ мегарданд. Автобусҳои нави замонавӣ, роҳҳои равон, қулайиҳо барои мусофирон дар пешравии кори соҳа омилҳои асосӣ ба шумор меравад.
4-уми июли соли равон дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки мутасаддиёни Садорати нақлиёти вилоят ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ анҷумани матбуотӣ доир гардид, ки дар он роҷеъ ба корҳои дар соҳа амалигардида сухан рафт.
Сарвари садорат Равшан Тоҷиев таъкид кард, ки дар вилоят ҳаҷм ва самарадории хизматрасонии нақлиёти ҷамоатӣ ба аҳолӣ меафзояд.
— Дар давоми солҳои 2023—2024 ширкати ҶММ «Мароқанд транс 777», «Дилшод транс сервис» ва корхонаи хусусии «Тохир Р» аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 124 дона автобуси нав оварданд, — гуфт Р. Тоҷиев. — Маҳз бо мақсади рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳри Самарқанд 43 хатсайрҳои нав бо графики брутто-­шартнома тасдиқ гардид. Автобусҳое, ки таҳти рақамҳои 15, 27, 30, 31, 52, 70 ва 74 дар масирҳои гуногун ҳаракат мекунанд, бо ҶММ «Мароқанд транс 777» брутто-­шартнома имзо карданд. Инчунин, ҳаракати автобусҳо дар 7 хатсайр ба сохтори «Magnetic Nort» ворид карда шуд, ки ин имкони назорати ҳаракат ва фаъолияти онҳоро медиҳад.
Зикр гашт, ки ҳоло дар шаҳри Самарқанд 361 автобуси мусофиркашон мавҷуд буда, аз ин миқдор 233 автобус ба аҳолии шаҳр хидмат мерасонанд, ки ин нишондиҳанда ба ҳисоби умумӣ 46,6 фоизро ташкил медиҳаду халос. Ғайр аз ин, 123 адад микроавтобус, 1862 воситаҳои нақлиётии русуми «Дамас» ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Инчунин, бо мақсади қаноатманд кардани эҳтиёҷи аҳолии ноҳияҳо бо нақлиёти ҷамоатӣ якчанд хатсайрҳои нав ташкил гардиданд. Аз ҷумла, дар атрофи шаҳр ҳаракати автобуси рақами 346 ба роҳ монда шуд, ки аз рӯйи хатсайри «Мирбозор АББ -Дӯстлик маҳалласи -Мирбозор АББ» ҳаракат мекунад. Ғайр аз ин, дар хатсайрҳои «Мани қишлоғи-­Хӯжа Исмоил маҳалласи-­Челак шаҳри — Пайариқ АББ» (454) ва «Ғаллакор маҳалласи -Пайариқ АББ» (455) ҳаракати микроавтобусҳо ба роҳ монда шуданд.
Дар рафти анҷумани матбуотӣ таъкид гардид, ки маҳз бо мақсади кам кардани мавҷи воситаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои шаҳр ва пешгирии тирбандӣ иҷрои як қатор чорабиниҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Мотруд», маҳаллаи «Ватанпарвар», ҳудуди «Чумчуқли», роҳи ҳалқаи «Қарши» бунёди истгоҳҳои калони нақлиётӣ идома доранд. Барои бунёди автоистгоҳи Мотрид 2,5 гектар замин ҷудо гардида, сохтани онро корхонаи ҶММ «Ургут авто сентр» анҷом медиҳад.

Н.БОБОАҲМАДОВ