Ovozi.uz

Кир Стармер сарвазири Британия интихоб гардид

Роҳбари ҳизби лейбористон Кир Стармер, ки дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуда буд, сарвазири Британия гардид, хабар медиҳад Қасри Букингем.

«Шоҳ Карл III 5-уми июл Кир Стармерро ба ҳузур пазируфт ва аз ӯ дархост намуд, ки кабинаи нави вазиронро ташкил диҳад», — гуфта мешавад дар изҳороти Қасри Букингем.

Рӯзи панҷшанбе дар Британия интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа консерваторон шикаст хӯрданд. Айни ҳол ҳизби лейбористӣ аз 650 курсии парлумон 412 курсиро ба даст овардааст. Консерваторон тавонистаанд ҳамагӣ 121 курсиро соҳиб шаванд.