Ҳоло шаҳраки Ширин қомат меафрозад. Дар ин мавзеъ асосан сохтмони биноҳои 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст. Ин шаҳрак дар ояндаи наздик мардуми бисёрро дар оғӯши худ мегирад.
Баробари бунёди ҳар як маскани истиқоматӣ ҳамроҳи он сохтани иншоотҳои ёрирасон ҳам зурур аст. Дар ин шаҳрак баробари мактабу боғча, мағозаву нуқтаҳои хизматрасонӣ, шабакаи обу барқу газ ва роҳу иншоотҳои дигар сохтмони пул-кӯпрук ҳам дар назар аст.
Умуман, пулҳо барои бехатарии ҳаёти аҳолӣ ва наздик сохтани роҳи мардум бунёд карда мешаванд. Маҳз барои тахминан 30 километр наздик кардани роҳи сокинони шаҳраки Ширин бо шаҳри Самарқанд дар болои дарёи Қародарё пули нав бунёд мегардад.
Сохтмони ин кӯпрук соли 2022 оғоз ёфт. Барои бунёди он 260 миллиард сӯм маблағ пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар ин ҷо қариб 45 дарсади корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
— Кӯпруке, ки ҳоло мо дар болои Қародарё месозем, шаҳраки Ширинро бо шаҳри Самарқанд мепайвандад, — гуфт сардори участкаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди отряди рақами якуми кӯпруксозӣ Юсуф Маҳмараҳимов. — Корҳои заминӣ ба охир расиданд. Сутунбетонҳои такягоҳи кӯпрук ҳам тайёр. 31 метри онҳо дар зери замин ва 13,5 метрашон дар боло қарор мегиранд.
— Оё барои бунёди хушсифати пул коргарону мутахассон мерасанд?
— Ҳа. Мо тамоми таҷҳизоту техникаи заруриро дорем. Коргарону мутахассисон аз тамоми ҷумҳурӣ мебошанд ва вазифаҳои худро хуб медонанд. Дар айни ҳол дар сохтмон 120 нафар коргарон кор мекунанд. Шумораи коргарон ба ҳаҷми кор вобаста аст. Агар лозим шавад, то 500 нафарро ба кор мегирем.
Дарозии пуле, ки ҳоло сохта мешавад, 330 метрро ташкил мекунад ва боз ду шохароҳ ҳам дорад. Аз болои он дар ҳар самт дуқатора мошинҳо ҳаракат мекунанд. Мувофиқи пешбиниҳо он минбаъд сеқатора мегардад.
Ин дуввуми пули бузурге мебошад, ки дар Ӯзбекистон бунёд мегардад. Фақат кӯпруке, ки дар Тошканд сохта шудааст, андак баландтар мебошад.
Пули наве, ки ҳоло бунёд карда истодаад, соли 2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Б.ҶУМЪАЕВ
Кӯпруки нав соли 2026 ба истифода супурда мешавад
