Санҷишҳои тестӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ аз 14-уми июли соли ҷорӣ оғоз мешаванд. Дар вилояти Самарқанд 84 ҳазору 255 нафар довталабон ҳуқуқи иштирок дар тестҳоро доранд.
– Барои гузаронидани санҷишҳо дар шаҳри Самарқанд 7 бинои пӯшидаи калон, асосан толорҳои варзишӣ интихоб шуда, 3540 ҷойи нишаст омода карда шуд, — гуфтсарвари шӯъбаи вилоятии Агентии баҳодиҳии дониш ва таҷриба Воҳид Сирлибоев. – Дар ин масканҳо довталабон дар ду баст имтиҳон месупоранд. Ҳама толорҳо бо кондитсионерҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз шудаанд, ки ҳарорати ҳаворо мӯътадил нигоҳ медоранд. Барои довталабон захираи оби ошомиданӣ ва ручкаҳо омода карда шудааст. Бо мақсади одилона ва шаффоф гузаштани ҷараён дар биноҳо аз рӯи шумораи гурӯҳҳо камераҳо, дастгоҳҳои индентификатсия ва сабти видео гузошта шуданд. Инчунин, барои падару модарон майдончаҳои интизорӣ омода карда шуда, барои назорат кардани раванд мониторҳои калон гузошта шуданд.
