Ovozi.uz

Ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар Остона баррасӣ гардид

Тақвияти ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт дар мулоқоти вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Остона баррасӣ гардид.

Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар самтҳои гуногун, аз қабили гузаргоҳҳои транзитӣ, логистика ва ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ карданд. Онҳо ба тадбирҳои амалишавандаи давлатҳо оид ба рушди робитаҳои нақлиётӣ дар партави Созишнома дар бораи таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказиро, ки ба бунёди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, ифтитоҳи марказҳои нави логистикӣ ва густариши шабакаи ҳамлу нақли байналмилалӣ равона шудааст, таъкид намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриашон роҳбарони мақомоти нақлиётӣ Эъломияи Остонаро имзо намуданд, ки назарҳои тарафҳоро дар таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ мекунад.

Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ инчунин Ёддошти тафоҳум имзо карданд, ки ба ҳамкории давлатҳо дар доираи фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ равона шудааст.

Имзои ин санадҳо идомаи мантиқии Созишнома дар бораи таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ гардид.

Вазирони нақлиёт баъд аз вохӯрӣ дар Корхонаи бастабандии электровозҳои Остона бо имконияти локомотивсозӣ шинос гардиданд.