Дар Садорати адлияи вилояти Самарқанд қабули масъулони соҳа бо соҳибкорон гузаронида шуд. Дар он роҳбари маркази интеллектуалии назди Вазорати адлия Баҳодур Саъдуллоев, роҳбари хидмати муштараксозии фаъолияти марказҳои дастгирии технологияҳо ва инноватсияҳои Маркази мулки интеллектуалӣ Суннатулло Раҳмонов, роҳбари хидмати назорати ташкилӣ ва ташкилсозии фаъолияти кории Маркази мулки интеллектуалӣ Элёр Нишонов ва дигар масъулон муроҷиату муаммоҳои соҳибкоронро шунида, оид ба ҳал ва дар амал тадбиқ гардидани онҳо кӯмаку маслиҳатҳои худро доданд.
— Фаъолияти мо асосан бо экспертизаи мулкҳои интеллектуалӣ вобаста буда, аз соли 2024 бо мақсади кумак намудани аҳолии минтақаҳои дурдаст дар офаридани мулкҳои интеллектуалӣ ба ҷойҳо рафта, қабулҳои сайёр мегузаронем, — гуфт Э.Нишонов. — Ба мо бештар ду тоифаи соҳибкорон муроҷиат менамоянд, ки ба ҳар ду тоифа ҳам роҳу равиш ва ёрии ройгон медиҳем. Якум, соҳибкороне, ки дониста ё надониста бо бренди дигар ширкат маҳсулот истеҳсол кардаанд ва дар натиҷаи ин ба ҷавобгарӣ ё ҷарима кашида шудаанд. Дуюм, соҳибкороне, ки аз ҳамкорӣ бо вакилони патент, яъне адвокатҳо худдорӣ намуда, барои маҳсулоти худ патент гирифта наметавонанд.
Дар қабули сайёр зиёда аз 30 нафар соҳибкорон иштирок намуда, бештар оид ба гирифтани патент ва бренд барои маҳсулоту ихтироъҳо муроҷиату дархостҳои худро баён карданд. Аз ҷумла, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Севимли Самарқанд калбаса маҳсулотлари» Анвар Насимов оид ба гирифтани патент барои дизайни нави маҳсулотҳои худ муроҷиат карда, аз масъулон ҷавоби мусбӣ гирифт. Роҳбари ҶММ «Таскин ош тӯзи» Ҷонибек Фузайлов ҳам ба масъулон гуфт, ки дар гирифтани иҷозатнома барои маҳсулотҳои худ муаммо дорад. Вакилони соҳа таъкид намуданд, ки баъд аз тафтиш кардани сифати маҳсулот ба ӯ хулосаи худро мегӯянд.
— Қисми зиёди муроҷиатҳое, ки ба мо меоянд, вобаста ба нишони маҳсулот, патент барои ихтироъҳо, моделҳои фоиданок ва намунаҳои саноатӣ мебошанд, — гуфт Баҳодур Саъдуллоев. — Барои офаридани ин объектҳо, ки душвор ҳисобида мешаванд, маслиҳати мутахассис лозим аст. Мақсади мо аз гузаронидани қабулҳои сайёр дар минтақаҳо ҳам маслиҳати ҳуқуқӣ ва роҳи ҳалли муамморо нишон додан аст.
Қабули сайёри вакилони адлия бо соҳибкорон
