Тарбуз маҳсулоти полезии серистеъмол буда, дар таркиби он сафеда, қанд, карбогидратҳо, ѓоз, оҳак, магний, калий, фосфор, натрий, калтсий, витаминҳои В1, В2, В6, В9, С, РР ва каротин зиёд аст.
Тарбуз хосияти пешобронӣ, зардаронӣ, салқинкунанда, зиддиварамӣ, антидепрессантӣ ва тақвиятдиҳандаро дорост. Гурдаҳоро аз токсину ҳар гуна таҳшинҳо пок менамояд. Баъди табобат бо антибиотикҳо истеъмоли тарбуз муфид аст, зеро микрофлораи рўдаро барқарор месозад. Бинобар доштани хосияти ишқорӣ санги гурдаро майда мекунад.
Барои кам кардани вазн тарбуз воситаи беҳтарин ба шумор меравад. Ташнашикан буда, эҳсоси гуруснагиро рафъ месозад. Истеъмоли тарбуз раванди ҳазмро беҳтар менамояд. Фруктозаи тарбуз аз қанд дида муфидтар аст. Сатҳи холестеринро паст мекунад. Раванди мубодилаи моддаҳоро беҳтар мегардонад. Таъсири зиёдатии кислотаро рафъ менамояд. Истеъмоли тарбуз масунияти организмро тақвият мебахшад.
Чайқонидани гулў бо шарбати тарбуз дарди гулўро давост. Истеъмоли бардавоми тарбуз нури чашмро нигоҳ медорад . Тарбуз беҳтарин ғизо барои гирифторони бемории камхунӣ, санги гурда, атеросклероз, фишорбаландӣ, фарбеҳӣ, диабети қанд, артрит, гепатит, санги талха, гастрити музмин мебошад.
Тарбуз ба саломатӣ чӣ фоида дорад?
