Ovozi.uz

БА СӮИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР ВА ҶАМЪИЯТИ ОДИЛОНА!

Ҳизб пешниҳод мекунад, ки бо мақсади пурра амалӣ намудани ҳуқуқу манфиатҳои ногироён ва пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии онҳо тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
— пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки ногироии гурӯҳи якум доранд;
— муҳайё намудани шароити баробар барои ногироён дар роҳҳои пиёдагард, гузоштани асбобҳои махсуси садобарор барои ногироён дар светофорҳо;
— ба оилае, ки кӯдаки ногиро доранд, аз ҷониби давлат расонидани тамоми хизматрасониҳои зарурии тиббӣ ва тавонбахшӣ;
Инвеститсия ба маориф — инвеститсия ба оянда, омили таъмини некӯаҳволии мардум ва рақобатпазирии давлат мебошад. Бинобар ин, мо тарафдори мунтазам такмил додани системаи таълими муттасил, таълими босифат ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос мебошем.
Мо чунин мешуморем, ки тартиби қабул ба муассисаҳои таълимии ҳама гуна намуди таълимро таҳия карда, бахусус тартиби қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии томактабии давлатиро аз нав дида баромадан, дар ин бобат «рӯйхати кушодаи онлайн» ташкил кардан зарур аст.
Бо назардошти он, ки фанни «Технология»-и дар мактабҳо таълим медиҳанд, барои ояндаи хонандагон хеле муҳим аст, мо чунин мешуморем, ки ҷиҳати дар асоси талаботи замон ба роҳ мондани таълими ин фан тадбирҳои комплексиро амалӣ кардан зарур аст.
Мо ҷорӣ намудани барномаи «мактаби ақлнок»-ро дар сохтори таълимӣ бар асоси зеҳни сунъӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мешуморем. Мо барои дар мактабҳои маълумоти умумӣ ҷорӣ намудани илми «Робототехника» бо мақсади баланд бардоштани нерӯи зеҳнии хонандагон тадбирҳо меандешем.
Ҳизб ба назар гирифтааст, ки шумораи талабагон дар синфҳои як қатор мактабҳои маълумоти умумӣ назар ба меъёри муқарраршуда хеле зиёд аст, ба сифати таълиму тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад ва ҳизб чунин мешуморад, ки шумораи талабагонро оптималӣ гардондан зарур аст.
Мо ҷонибдори такмили қонунгузорӣ барои рушди метсенатӣ дар соҳаи маориф, ҷорӣ намудани стипендияҳои гуногун ба номи соҳибкорон, ширкатҳо ва шахсони алоҳида ҳастем.
Бесабаб нест, ки мақоми муаллим дар Конститутсияи навтаҳриршуда алоҳида муайян шудааст. Зеро, агар дар ҷамъияти мо обрӯи муаллим баланд шавад, обрӯи тамоми халқ баланд мешавад. Аз ин рӯ, мо минбаъд ҳам ба дуруст баҳо додан ва ҳавасманд гардондани меҳнати муаллимон, ки аксарияти интихобкунандагони ҳизбамонро ташкил медиҳанд, дар маркази диққат мегузорем.
Мо кӯшиш менамоем, ки падару модаронро ба раванди таълим фаъолона ҷалб намоем, алоқаи оила, мактаб ва маҳалларо мустаҳкам намоем. Зеро, алоқаи мустаҳками мактаб ва падару модарон гарави муваффақияти таълим аст.
Бо мақсади ҳалли муаммоҳои донишҷӯён вобаста ба хобгох тадбирҳо меандешем, ки дар ҳар як муассисаи таълими олӣ барои ба шумораи донишҷӯён мувофиқ «Ҷойи зисти донишҷӯён» барпо карда шавад.
Бо мақсади таъмини озодонаи ҷавонон ба илмҳои ҷаҳонӣ, мо пешниҳод менамоем, ки аз соли 2025 барои дохил шудан ба бакалаврият тартиби гирифтани сертификати миллӣ ё байналмилалии донистани забони англисӣ ҷорӣ карда шавад.
Мо чунин мешуморем, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои олӣ ба роҳ мондани сохтории беҳтарсозии сифати адабиёти таълимӣ, харид кардани адабиёти замонавии хориҷӣ ва корҳои тарҷумаи он муҳим аст.
Бо мақсади таъмини манфиатҳои намояндагони соҳаи илм дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қадр кардани меҳнати машаққатноки олимон пешниҳод менамоем, ки Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқаррар намудани Рӯзи кормандони илму фан» қабул карда шавад.
Мо бо роҳи зиёд кардани хароҷоти давлатӣ барои корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, инкишофи илм ва инноватсияҳо алоқаи узвии сохторҳои илм — таълим — истеҳсолотро таъмин мекунем.
Инчунин, ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ, пурзӯр намудани назорати давлатию ҷамъиятӣ аз болои ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ, зиёд кардани сафи мутахассисон, аз қабили инженерону технологҳо, агрономҳо ва механизаторон, ки локомотивҳои ҳақиқии ҷамъият мебошанд, такмили ихтисоси онҳо ва азнавтайёркунӣ яке аз вазифаҳои муҳими мо мебошад.
Ба воситаи пайваста амалӣ намудани натиҷаҳои мусбати пажӯҳишҳои илмӣ дар кишварамон дар соҳаҳои тиб ва тандурустӣ, кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва биотехнология, гидрология ва мушкилоти об, энергетика, манбаъҳои алтернативии энергия ва технологияҳои каммасраф, экология ва ҳифзи муҳити зист иқтидори иқтисодии давлатро боз ҳам таҳким мебахшем.
V. САЛОМАТИИ ХАЛҚ — САРВАТИ БУЗУРГ, ГАРАВИ ФАРОВОНИИ ЗИСТ
Мо нигаҳдории тандурустиро вазифаи аввалиндараҷаи иҷтимоӣ мешуморем ва кафолат медиҳем, ки ҳуқуқи конститутсионии ҳар як инсон барои дастрас намудани хизмати тиббии тахассуснок иҷро мегардад.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар соҳаи тиб ин пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи тиб ва кафолати ҳуқуқи онҳо ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, пешниҳод мекунем, ки дар ҳудудҳои канорӣ ва дурдаст фаъолияти мутахассисони соҳаи камёб дар пунктҳои шифокорони оилавӣ ва поликлиникаҳои оилавӣ ба роҳ монда шавад.
Мо дар бораи хизматрасонии тиббии кафолатнок ва дар соҳа ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ амалисозии вазифаҳои зеринро муҳим меҳисобем:
— асосҳои ҳуқуқии сохтори «Тибби ақлнок»-ро таҳия карда, рақамикунонии пурраи сохтори ҳифзи тандурустӣ, ба роҳ мондани сохторҳои «поликлиникаи электронӣ» ва «анкетаи ягонаи электронӣ»;
— то ки тибб ба манбаи даромад табдил наёбад, аз «ташкилоти тиҷоратӣ» ба ташкилоти ғайритиҷоратӣ гузарондани ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ;
— ҳифзи аҳолӣ аз заҳролудшавӣ ва бемориҳои сироятӣ тавассути пурзӯр намудани назорати санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хусусии тиббӣ, таълимӣ ва хӯрокхӯрӣ.
Ҳизб дар асоси таҳлили амиқи қонунгузории миллӣ, амалияи татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар роҳи саломатии насли солим, тарзи ҳаёти солим ва саломатии халқ чунин пешниҳодҳо менамояд:
— бо мақсади солим ба воя расидани насли наврас, аз ҳисоби маблағи давлат соле як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаронидани бачагони 9–14‑сола ҷорӣ карда шавад;
— такмили номгӯи хизматрасониҳои тиббӣ ва воситаҳои доруворие, ки аз ҳисоби давлат расонида мешавад, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои аҳолии ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ, рушди дорухонаҳои иҷтимоӣ, тавсеаи табобати давлатии бемориҳои вазнин;
— амалияи муоинаи тиббии бепули шаҳрвандони аз 50‑сола боло бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани давомнокии миёнаи умри аҳолӣ муқаррар карда шавад;
— дар мактабҳо ба бачагон хизмати бепули стоматологӣ расонданро таъмин карда, соле ду маротиба муоинаи дандонпизишкии талабагон гузаронда шавад;
— назорати парламентӣ ва ҷамъиятиро аз болои мониторинги сифати озуқаворӣ ва калориянокии он дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва олӣ пурзӯр карда шавад.
Ҳизб марги ҳар як модару кӯдакро ҳолати фавқулодда ҳисоб карда, пешниҳод мекунад, ки Вазорати нигаҳдории тандурустӣ барои пешгирӣ кардани ин гуна ҳодисаҳо барномаи махсус таҳия намуда, рӯйхати модарони дар саломатиашон муаммо мавҷудбударо тартиб дода, муолиҷаи мунтазами онҳоро ташкил намояд.
Мо тарафдори пурра манъ намудани гуфтушунид ва алоқаи ғайриқонунии байни коркунони фармасевтика ва тиббӣ, сарпарастии ғаразноки он ба муассисаҳои тиббии фармасевтика, барои ин гуна кирдорҳо муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ мебошем.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади дастрас ва қулай гардидани воситаҳои доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ барои аҳолӣ тадбирҳои зеринро амалӣ ҳоҳем кард:
— ташаккул додани базаи ягонаи электронии доруворӣ ва ҷорӣ намудани системаи ягонаи электронӣ дар саросари мамлакат;
— бо мақсади пешгирии сунъии нархи доруворӣ дар асоси таҷрибаи хориҷӣ аз технологияи мониторинги занҷири ҳаракаткунии воситаҳои доруворӣ (раванди истеҳсол, аз реализатсия то ба истеъмолкунанда расидан), истифода аз технологияҳои назоратӣ ба роҳ монда шавад;
— кам кардани номгӯи воситаҳои дорувории бидуни ретсепт дар дорухонаҳо, инчунин мақбулсозии шумораи дорухонаҳо;
— муқаррар намудани назорати давлатӣ аз болои ҳаҷми пардохтҳои хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ.
Мо ҷонибдори таҳияи Консепсияи «Рушди демографӣ — 2050» дар асоси ғояи консептуалии «Насли солим — ҷомеаи солим» ҳастем.
Ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои калонсол дар маркази диққати мост. Дар ин бора мо ба тартиб додани барномаи алоҳидаи комплексии солимгардонӣ, ки чорабиниҳои гуногунро барои пиронсолон дар бар мегирад, махсусан ба таълими геронтологҳои кор бо пиронсолон ва дар беморхонаҳо ва поликлиникаҳо ҷорӣ намудани штати геронтологҳои кор бо пиронсолон диққати махсус медихем.
Тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси тиббӣ дар таъмини саломатии шаҳрвандон роли калон мебозад. Мо дар ин бобат вазифаҳои зерини мушаххасро иҷро мекунем:
— бо дарназардошти шумораи зиёди таваллудҳо дар Ӯзбекистон, зиёд кардани шумораи мутахассисони соҳаи педиатрия;
— сохтори мутамаркази тайёр кардани кадрҳои тиббиро барҳам дода, ба ҷои он дар марказҳо ва минтакаҳои махсус тайёр кардани кадрҳо ташкил карда шавад.