Парчам ҳамчун рамзи муқаддаси давлат яке аз унсурҳои асосиест, ки худшиносии миллиро ифода мекунад. Он дар худ арзишу анъанаҳои халқро инъикос намуда, дар ҳар як инсон эҳсоси эҳтиром, ғурур ва ифтихорро бедор менамояд.
Парчам таърихи тӯлонӣ дошта, аз муҳимтарин рамзҳои давлатдории мамлакат, озодии миллат ва халқ ба шумор меравад ва дар баландтарин ҷойҳо гузошта мешавад.
Дар баъзе мавридҳо Парчами давлатиро метавон яке аз рамзҳои муқаддас арзёбӣ кард. Масалан, ҳангоми амалиёти ҷангӣ байрақ ба рамзи қудрату истиқлолияти халқ табдил меёбад, ки онро аз душманон эҳтиёт ва ҳифз мекунанд.
Аз таърих низ аён аст, ки Соҳибқирон Амир Темур ҳангоми ба сари қудрат омадан ба рамзҳои давлатӣ эътибори алоҳида додааст. Дар давлати ӯ низ парчам ғуруру ифтихори халқу миллат маҳсуб меёфт. Бино ба фармони сарлашкар, агар як сарбоз аз ҷанг зинда монад, вазифадор мешуд, ки парчами салтанатро баланд нигоҳ дорад. Зеро паст кардани парчам маънои шикасти давлатро дошт.
Аз ин рӯ, байрақи салтанат аз ҷониби паҳлавон, саркардаҳои бовариноки соҳибқирон ҳифз мегардид. Тавре дар «Тузукоти Темур» зикр шудааст, ба амиру афсарон, ки дар ҷангҳо ғолиб омада, мардонагӣ ва шуҷоат нишон додаанд, парчам ва табл тӯҳфа мекарданд. Ин ҳам аз мақоми баланди рамзҳои давлатӣ гувоҳӣ медиҳад.
Одатан, парчамҳо дар худ рангҳои гуногун ва ё шаклу аломатҳои муайяни геометрӣ доранд ва дар аксар ҳолатҳо онҳо дар шакли росткунҷа мешаванд. Рангҳо ва аломатҳои парчам метавонанд маъноҳои хоса дошта бошанд ва таъриху фарҳанги ин ё он кишварро инъикос кунанд. Байрақҳо аҳамияти бузург доранд ва онҳо на танҳо як порча матоъ, балки рамзи муқаддасе мебошанд, ки ҳувият ва арзишҳои давлатҳоро инъикос мекунанд. Аксар парчамҳо дорои мазмуни амиқи эҳсосотӣ буда, ҳамчун рамзи муттаҳидӣ ва ҳамбастагӣ, барои ба ҳам овардани намояндагони миллату эътиқодҳои гуногун хидмат мекунанд.
Дар рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватан, 18-уми ноябри соли 1991 Қонун «Дар бораи парчами давлатӣ» қабул шуд. Дар моддаҳои 2 ва 3‑юми ин қонун муқаррар гардидааст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ чун рамзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Пас, мувофиқи ин қонун парчами мо рамзи суверенитети давлат аст.
Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки вайрон кардани Қонун «Дар бораи парчами давлатӣ» ва беэҳтиромӣ ба ин рамзи муқаддас тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.
Ҳар як ранг, рамзе, ки дар парчами давлати мо ҳаст, маънои ба худ хос дорад ва он ифтихори мамлакату халқи мо мебошад.
Бо як сухан, парчами Ӯзбекистон рамзи муҳими давлатист, ки таърих ва фарҳанги ватани маҳбубамонро инъикос намуда, аз он дар ҷашну идҳо ва дигар чорабиниҳо истифода мебаранд ва дар идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ овезон мекунанд.
Парчамҳо ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ дар чорабиниҳои варзишӣ, ҷашнвора ва дигар чорабиниҳои муҳим низ истифода мешаванд. Масалан, дар Бозиҳои олимпӣ, Ҷоми ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ парчамҳои давлатҳои иштирокдорро, инчунин давлатҳои узви созмонҳои бузурги байналхалқиро овезон менамоянд.
Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид дар байни 193 давлати соҳибистиқлол, ки аъзои он мебошанд, парчами Ӯзбекистон низ ҷилвагар аст, ки ин ба дили ҳар яки мо фараҳу шодӣ мебахшад.
Хулоса, парчами мо маънои онро дорад, ки мамлакатамон узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва дар худ арзишҳои миллию фарҳангии халқамонро таҷассум мекунад. Дар ҳеҷ чиз ва аз ҳеҷ кас кам набудани моро тасдиқ менамояд.
Ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд парчами давлатиро, ки рамзи истиқлолияти Ӯзбекистон ва тимсоли Ватан аст, ҳифз намояд ва онро ҳамчун меҳан азизу муқаддас донад.
Б.ҚОДИРОВ,
сарвари шӯъбаи Донишкадаи тадқиқотҳои иҷтимоӣ-маънавӣ.
