Президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 20‑уми ноябри соли равон роҷеъ ба чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Самарқанд, баланд бардоштани дараҷаи фаровонии ҳаёти аҳолӣ ҷамъомад гузаронд.
Самарқанд минтақаест, ки дар қисми марказии мамлакатамон ҷойгир шудааст ва дар он соҳаҳои савдо, саноат, сайёҳӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ хуб инкишоф ёфтаанд. Вазифаҳое, ки роҳбари давлатамон ҳангоми ташрифи худ дар моҳи августи соли 2023 муайян намуда буд, пайваста иҷро мешаванд.
Акнун забти марраҳои нав ба нав зарур аст. Ба ин мақсад бо аҳолӣ ва соҳибкорон вохӯриҳо гузаронда, имконияти амалӣ намудани 120 лоиҳаи 4,1 миллиард долларина муайян карда шудааст. Аз ҷумла, дар соли оянда тибқи барномаҳои ҳудудӣ дар вилояти Самарқанд азхуд намудани камаш 1 миллиарду 850 миллион долларина сармоягузорӣ (инвеститсияҳо), ташкил кардани 20 ҳазор ҷойи корӣ ва ба тарзи иловагӣ истеҳсол намудани 1,2 триллион сӯмина маҳсулотро ҳисобу китоб кардаанд.
Мисол, дар 234 гектар замини мавзеи Чимбойободи ноҳияи Пастдарғам, ки дар захираи ҳокимият аст, минтақаи махсуси саноатӣ ташкил кардан мумкин. Соҳибкорон маълум намудаанд, ки барои ба ин ҷо 500 миллион доллар сармоягузорӣ намудан ва амалӣ кардани лоиҳаҳои соҳаҳои фармасевтика, кимиё, электротехника, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ омода ҳастанд.
Ёки 25 гектар замини сангзори соҳили дарёи Зарафшон ба минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» ҳамроҳ карда шавад, барои 30 миллион долларина лоиҳаҳо ҷой ташкил кардан мумкин. Тавассути дар соҳили канали Дарғам ташкил намудани, роҳрави 35 километраи сайёҳӣ ва дар канали Нарпай кӯпруки гастрономӣ дар зинаи аввал лоиҳаҳои 500 миллиард сӯминаро амалӣ гардонидан мумкин.
Заминҳои чарогоҳ ва лалмии дар вилоят бударо бояд ба фаъоли иқтисодӣ табдил дод. Мисол, дар 350 гектар замини лалмии ноҳияи Самарқанд минтақаи туристӣ-рекреатсионӣ барпо намуда, ҳазор нафар соҳибкорро ҷойгир ва 3,5 ҳазор ҷойи кор ташкил кардан мумкин. Хоку иқлими Булунғур барои меваю сабзавот мувофиқ аст. 6 ҳазор гектар майдонҳои ғаллаи самараашон ками ноҳия ба расондани меваю сабзавот ихтисосонида шаванд, даромади ҳар як гектари он 10 ҳазор доллар зиёд мешавад ва 45 ҳазор нафар одам соҳиби кор мешаванд. Нисфи маҳсулотро ба содирот бароварда, ба тарзи иловагӣ 52 миллион доллар пардохти содирот таъмин карда мешавад.
Сокинони Иштихон, Ургут, Пайариқ ва Қӯшработ дар 35 ҳазор гектар ангур мерасонанд. Вале аз сабаби нашинондани токҳои навъи сердаромад, нарасидани таҷрибаи мубориза бар зидди бемориҳои он ва чорабиниҳои агротехникии нав ҳосилдорӣ ҳамон паст аст. Бинобар ин пешниҳод карда шуд, ки дар Иштихон стансияи таҷрибавии Институти илмии боғдорӣ ва ангурпарварӣ ташкил карда шавад. Дар он бо усули «in-vitro» ниҳолпарварӣ роҳандозӣ шуда, навъҳои «Гигант», «Сирлибой», «Аватар» ва ғайраи бозорбоб мешинонанд. Дар натиҷа ҳосилдорӣ ба тарзи иловагӣ ба 25–30 сентнер, содирот ба 20 миллион доллар меафзояд.
Инчунин, дар назди конҳои ноҳияҳои Қӯшработ, Иштихон, Нуробод, Пастдарғам, Пахтачӣ ва Ургут, корхонаҳои коркарди маъданҳои фоиданокро кушодан мумкин аст.
Дар ҷамъомад ҳокими вилояти Самарқанд роҷеъ ба роҳандозии чунин имкониятҳо чорабиниҳоро пешниҳод кард.
Роҳбари давлатамон пешниҳодҳои мазкурро пазируфта, вазифа гузошт, ки барои беҳдошти муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Самарқанд лоиҳаи қарорро пешниҳод намоянд. Роҷеъ ба таҳияи лоиҳаҳо дар асоси мастер-нақшаҳо, ташкили ҷойҳои кории бештар ва сохтмони хонаву ҷойҳои замонавӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ супоришҳо дода шуданд.
ӮзА.
