Барои дар дастархони солинавӣ беш аз меъёр истеъмол накардани хӯроквориҳо, ба иштирокдорони ҷамъомади солинавӣ бештар меваю сабзавотҳои бешакарро пешниҳод намудан даркор аст. Дар ин бора диетолог Людмила Денисенко маълумот додааст.
Ба ин гуна меваҳо авакадо, себи сабз, киви, грейпфрут, афлесун ва мурут ворид мешаванд. Инчунин, салати оливе барои ҳазми таом фоиданок аст.
Пеш аз ид маҳсулоти ширии фермент ҳозимаро метезонад ва деворҳои меъдаро муҳофизат мекунад, инчунин бактерияҳои муфидро дар рӯдаҳо «ғизо медиҳад».
Диетолог ба таоми пурраи шабона хӯроки гарм ва салатро тавсия намудааст.
Ширинӣ ва меваҳоро ба стол дар ҳолати бурида нагузоред ва навъҳои гуногуни сафедаҳоро омехта насозед.
