Арпабодиён (фенхель — Foeniculum vulgare mill) рустании ду ё биёрсола буда, қадаш ба 90-200 см. мерасад. Решааш ба бодбезак монанд, камшох ва рангаш зардчаи сафедчатоб аст. Пояаш рост сабзида, тунуки нуқрафом, қисми болояш бисёршоха мебошад. Баргҳояш ғилофмонанд, тунукришта ва баргҳои пасташ ба шакли тухму секунҷа аст. Намуди баргҳои болоияш ба соябон (чатр) шабеҳ дошта, то 10-25 адад аст. Гулҳояш майда, зардчатоб буда дар моҳҳои июл-август кушода мешавад. Меваҳояш дарозшакл чун силиндр, хокистарранг ё кабудчатоб, ду тухма, бӯи хуш дошта, таъмаш ширин. Дар моҳи сентябр мепазад. Вазни 1000 дона тухми он ба 6,6 – 6,5 гр. баробар аст.
Арпабодиёни оддӣ дар бағалҳои бешазор, соҳили рудҳо, киштзор, дар доманакӯҳҳо (аз сатҳи баҳр дар 1900-2000 метр баландӣ) хосатан вилояти Самарқанд ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон месабзанд.
Ҳосили арпабодиён хомашёи доруворӣ буда, он дар маркази соябони рустанӣ ҷамъ мешавад. Дар хомашёи доруворӣ на камтар аз 3 фоиз равғани эфир шуданаш лозим. Меваи онро дар идишҳои сахт пӯшида ва ё банкаҳои консерва нигоҳ медоранд. Хусусиятҳои шифобахшии меваи арпабодиён аз азал маълум буда, дар ин бора чун Гален, Закриёи ар-Розӣ, Абураҳмон Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино барин олимону табибон дар асарҳои хеш таъкид карда гузаштаанд.
Чуноне, ки дар «Қонуни тиб» (Ибни Сино) навишта шудааст, арпабодиён қобилияти бинишро пурқувват карда, ҳангоми парда гирифтани пардаи чашм (катаракта) дар ҳолати беҳузур гардидани дил ва захмдор шудани меъда низ фоидабахш аст.
Арпабодиёни ёбоӣ барои табобати гурда, халтачаи пешоб, майда кардани санги гурда низ кӯмак мерасонад. Решаи арпабодиён ва тухми он бар зидди дарунравӣ низ фоидабахш аст. Ибни Сино таъкид кардааст, ки «решаи рустании мазкур роҳҳои талхаро мекушояд ва ба ҳайз дидан кӯмак медиҳад».
Хусусияти меваи он гиреҳҳои ҷигарро кушода, барои ихроҷи пешоб фоидабахш аст. Дар табобати халқӣ меваи арпабодиёнро ҳамчун чой ҷӯшонда менӯшанд, ки барои ҳазми таом, захми рӯдаҳо ва роҳҳои нафасгириро аз балғам тоза кардан истифода мебаранд. Меваҳои арпабодиёнро дар тиббиёти илмӣ (равған ва оби он) барои ҳазми таом, шамол хӯрдани рӯда истифода бурданро тавсия медиҳанд.
