Имрӯзҳо ҳайати вилояти Хуросони Разавии Эрон бо роҳбарии волии вилоят Ғулом Ҳусейн Музаффарӣ дар Самарқанд қарор дорад.
Ба ҳайати ин гурӯҳ масъулони соҳаҳои сохтмон, саноати кимиё, фармасевтика, бофандагӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар бахшҳо дохил мешаванд.
Дар доираи сафари онҳо дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд бо иштироки масъулони ҳокимияти вилоят, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳайати вилояти Хуросони Разавӣ форуми сайёҳии «Ӯзбекистон-Эрон» баргузор шуд.
Дар ифтитоҳи форум ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов ва сардори Садорати мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандии вилояти Хуросони Разавӣ Сайидҷавод Мусавӣ иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфта, ба кори форум муваффақият таманно карданд. Дар баробари ин, масъалаҳои мустаҳкам намудани робитаҳои байни ду кишвар ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
— Мо аз ҳамкорӣ бо ин шаҳри бостонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ хурсандем, — гуфт Сайидҷавод Мусавӣ. — Барои рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ роҳандозӣ шудани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Машҳад ва Самарқандро пешниҳод мекунем. Ҳамчунин, мо барои саҳми худро гузоштан дар ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ, омодасозии кадрҳо дар ин соҳа ва ҳамкорӣ дар бахшҳои роҳи оҳан ва нақлиёт омодаем.
— Мо платформаҳоеро таҳия кардаем, ки барои хариди чиптаҳо ба ҷойҳои тамошобоби Эрон ва Ӯзбекистон пешбинӣ шудаанд, — гуфт роҳбари ягонаи ширкати сайёҳии «Visit Iran» дар Ӯзбекистон Навид Оғо. — Мо омодаем барои рушди сайёҳӣ бо ҳар ду ҷониб ҳамкорӣ намоем. Хусусан, агар хатсайри ҳавоӣ байни Машҳад ва Самарқанд роҳандозӣ шавад, мо метавонем 50 дарсад мусофиронро таъмин кунем.
Дар доираи форум муаррифии иқтидори сайёҳии вилоятҳои Самарқанд ва Хуросони Разавӣ низ баргузор гардид.
Форуми мазкур бо ташаббуси сафорати Ӯзбекистон ташкил гардида, то 1-уми март идома меёбад. Дар доираи он мулоқотҳо ва форумҳои тиҷоратӣ бо иштироки ширкатҳои сайёҳии фаъол дар вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноат, соҳибкорон ва намояндагони корхонаҳои пешсаф баргузор хоҳанд шуд.
