Исмалоқ барои давои бемории анемия (камхунӣ) бебаҳо аст. Он хусусияти мустаҳкамкунии иммунитетро дорад. Дар таркибаш ба миқдори зиёд намакҳои минералӣ, омехтаҳои оҳан, микроэлементҳои гуногун, сафеда ва йод мавҷуд аст.
Растанӣ раги хунро мустаҳкам месозад, фаъолияти ғадуди меъдаро беҳ мекунад. Бемории гипертонияро пешгирӣ менамояд. Истеъмоли растанӣ барои одамони фаъолияти асабҳояшон вайронгашта ва мондашуда фоиданок аст. Истеъмоли 10 грамм барги дар об ҷӯшонидашудааш барои одамони гирифтори бемориҳои меъда ва шикамдамида фоиданок аст.
Обгардон намудани гулӯ бо як истакон маҳлули дар об ҷӯшонидашудаи растанӣ ба дарди ғадуди бодомшакл ва милки дандон нафъ меорад.
Бояд хотиррасон намуд, ки истеъмоли аз меъёр зиёди растанӣ зарарнок аст. Чунки дар таркибаш миқдори туршии шовул зиёд буда, он ба фаъолияти гурда, ҷигар, рӯдаи дувоздаҳангушта ва талхадон таъсири манфӣ расониданаш мумкин. Дар таркиби баргҳои пиршудаи исмалоқ миқдори туршии шовул зиёдтар мешавад. Аз ин рӯ, истеъмоли баргҳои ҷавони он мувофиқи мақсад мебошад.
