Ҳамлагари дастаи «Барселона» Роберт Левандовски дар бозии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо ба дарвозаи тими собиқаш “Боруссия”-и Дортмунд дубл кард.
Ин голҳо барои форварди лаҳистонӣ (полшагӣ) дар Лигаи Чемпионҳо 104-ум ва 105-ум буданд.
Ёдовар мешавем, бозигароне, ки дар таърихи Лигаи Чемпионҳо 100+ гол задаанд, Криштиану Роналду (140), Лионел Месси (129) ва Роберт Левандовски (105) мебошанд.
