Ovozi.uz

Ширинмия

Онро зарғас низ мегӯянд. Ба забони русӣ солодка аст. Рустании мазкур дар ҳамаи замини сиёҳ, кӯҳҳою ҷариҳои вилоятҳои Осиёи Марказӣ месабзад. Пояаш рост, камшох, баргаш тоқи патдор, гулҳояш дар зери баргҳо ҷойгир мешавад. Меваи он баъди хушк шудани поя мепазад.

Решаи ширинмия хусусияти шифобахшӣ дорад. Дар қисми болоии он баъди хушк шудан моддаи глитсирризин ҷамъ мешавад. Дар таркиби решааш сапонияи ширин, терпен, қанд, крахмал ва фловинҳо мавҷуд аст.

Табиби машҳур Абӯалӣ ибни Сино решаи ширинмияро ба касалиҳои гурда, пешобдон, меъда, шуш ва ҳангоми ҳарорати баланди бадан бо меъёр истеъмол намудани онро тавсия кардааст.

Дар табобати халқӣ решаи дамшуда, ҷӯшондаи ширинмияро барои табобати сулфа, кӯчондани балғам, чун воситаи пешоброн ва дарунрав истифода мебаранд.

Саноати фармасевтика ширинмияро дар тайёр кардани ҳаб ва ширин кардани таъми доруҳо истифода мебарад.

Агар ним чойқошуқ хокаи онро ба ним пиёла оби ҷӯш омехта рӯзе ду бор истеъмол кунанд, дар 3-4 рӯз фишори хуни бемор паст ва мӯътадил мегардад. Аз хокаи ширинмия ним чумча гирифта ва як чумча шакар андохта, дар як пиёла оби ҷӯш омехта нӯшанд, сулфа мемонад ва дар се рӯз гулӯ сиҳат мегардад.