Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки саринженери филиали вилоятии ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» Илҳом Норбоев, сарвари «Дирексияи сохтмонӣ-монтажӣ» Рустам Олимов ва сарвари бахши вилоятии филиали «Энергосавдо» Шамсиддин Болтаев таҳти мавзӯи «Корҳое, ки дар самти таъмини бефосилаи аҳолӣ бо нерӯи барқ ва беҳсозии таъминоти он амалӣ мешаванд» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он мутахассисони соҳа доир ба корҳое, ки дар самти таъминоти нерӯи барқ дар вилоятамон амалӣ шудаанд ва нақшаҳои минбаъда маълумот доданд.
Бино ба маълумоти онҳо, соли 2024 бо мақсади таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои вилоят бо нерӯи барқи устувор ҳашт трансформатори нави пуриқтидор оварда шудааст. Аз онҳо ду трансформатори иқтидорашон 63 ҳазор кВА дар зеристгоҳи «Афросиёб»-и ноҳияи Самарқанд, чор трансформатори иқтидорашон 40 ҳазор кВА дар зеристгоҳҳои «Ғарбӣ» ва «Мотрид»-и шаҳри Самарқанд ва 2 адад трансформатори иқтидорашон 40 ҳазор кВА дар зеристгоҳи «Ишонч»-и ноҳияи Иштихон гузошта шудаанд.
— Ба ҷои трансформаторҳои мавҷуда гузоштани трансформаторҳои нави пуриқтидор имкон дод, ки иқтидори стансияҳои ёрирасони дигар минтақаҳо зиёд карда шавад, — гуфт И.Норбоев. — Дар зерстансияҳо оид ба иваз ва зиёд намудани иқтидори онҳо корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Зерстансияҳои “Саттепо”, “Ӯзбекистон”, “Шарқӣ”-и шаҳри Самарқанд, “Истиқлол”-и шаҳри Каттақӯрғон, «Пай» ва «Ал-Бухорӣ»-и Пайариқ, «Ибни Сино» ва «Булунғур»-и Булунғур, «Зарбанд»-и Қӯшрабод ва «Адас»-и ноҳияи Тайлоқ аз ин ҷумлаанд. Дар натиҷа, захираи нерӯи барқ 220 МВт ба вуҷуд омад. Илова бар ин, соли гузашта дар доираи барномаҳои мақсаднок дар вилоят 794,8 километр шабакаҳои интиқоли барқ нав карда шуда, 300 зеристгоҳи трансформатории иқтидорашон гуногун васл карда шуд ва 19 ҳазору 870 симчӯб ба симчӯбҳои оҳаниву бетонӣ иваз карда шуданд.
Қайд гардид, ки соли равон низ бо мақсади беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ якчанд корҳо ба сомон расонида мешаванд. Аз ҷумла, корҳои гузоштани 26 490 дона симчӯбҳои бетонӣ, насби 371 дона пунктҳои трансформаторҳои гуногунқувва ва кашидани шабакаҳои интиқоли барқ ба масофаи 1 321,2 километр ба нақша гирифта шудааст.
Дар идомаи анҷумани матбуотӣ дар бораи иқтисоди нерӯи барқ ба воситаи панелҳои офтобӣ, пайвастшавиҳои ғайриқонунӣ ба шабакаҳо ва роҳҳои муайян кардани кирдукорҳои дуздони барқ сухан рафт.
— Соли гузашта маблағи интиқоли нерӯи барқ 103,7 фоиз ситонида шуда бошад, дар соли ҷорӣ 105,7 фоиз ситонида шуд, — гуфт Ш.Болтаев. — Бояд гуфт, ки бино ба ҳолати моҳи апрели соли 2025, 184-то далолатномаи ғайриқонунӣ расмӣ гардид. 513,7 миллион сӯм дубора ҳисобу китоб карда шуда, аз ин ба 4-тоаш аз рӯи он, ки ҳуқуқвайронкунӣ шумурда мешаванд, ба маблағи 7,6 миллион сӯм дубора ҳисобу китоб карда ва ҷазои ҳабс дода шудааст. Ҳоло барои муайян кардани ҳолатҳои пайвастшавиҳои ғайриқонунӣ ба шабакаҳои нерӯи барқ бо ходимони корҳои дохилӣ ҳамкорӣ ва барои пешгирии онҳо кӯшиш мекунем.
Дар охири анҷуман журналистон ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
