Ovozi.uz

Анҷуман доир ба муаммоҳои баҳисобгирии замин

Дар Донишгоҳи давлатии меъморӣ-сохтмонии ба номи Мирзо Улуғбеки Самарқанд бахшида ба муаммоҳои муҳими рушди соҳаҳои геодезия, харитасозӣ, кадастр ва маълумотҳои фазовӣ анҷумани илмӣ-техникии байналхалқӣ ташкил карда шуд.

Дар анҷуман профессорону олимони Федератсияи Россия, Туркия, Белоруссия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон, намояндагони ташкилотҳои соҳа ва экопартия иштирок карданд.

— Анҷуман бо мақсади такмили сохтори кор бо геодезия, картография, кадастр ва маълумотҳои минтақавӣ, инчунин рушди ҳамкории илмӣ ва мубодилаи таҷрибаҳо ташкил гардид, — гуфт ректори Донишгоҳи давлатии меъморӣ-сохтмонии Самарқанд. — Мо дар доираи мавзӯъ бо коршиносони беш аз даҳ кишвари хориҷӣ таҷрибаҳои амалӣ мубодила карда, навоварӣ ва пешниҳодҳои заруриро барои рушди сохтор баррасӣ кардем. Дар анҷоми анҷуман дар асоси пешниҳодҳои баёншуда ва таҷрибаи ҳосилшуда таклифу тавсияҳои барои рушди соҳа аҳамияти муҳим доштаро таҳия менамоем. Боварӣ дорам, ки ин барои дар оянда таъмин намудани самарабахшии соҳа ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи вобаста ба замин аҳамияти калон дорад.

Дар анҷумани байналмилалӣ ҳолати замонавӣ ва рушди соҳаҳои геодезия, харитасозӣ, кадастр, геоинформатика, заминсозӣ ва маълумотҳои фазоӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар ин соҳа, омӯзиши муносибатҳои ҳуқуқӣ ва заминаи қонунгузорӣ, самтҳои афзалиятноки ташкил ва пешбурди геопортали кадастри давлатӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои давлатии замин ва татбиқи корҳои геодезияи фосилавӣ, истифодаи фосилавӣ дар соҳаи кадастр ва геодезӣ вағайраҳо баррасӣ мешаванд.

Дар доираи анҷуман меҳмонони хориҷӣ бо фаъолияти донишгоҳ шинос шуданд.