(аввалаш)
Ӯ кӯшиш кардааст, ки дар ҳар як байти ин шеъри бо маҳорати баланди бадеӣ навиштааш хидматҳои бузурги таърихӣ, фидоигӣ дар роҳи накӯкорӣ ва маҳорати эҷодии Ҳазрати Навоиро баён намояд. Тавре Н.Комилов дар асари худ «Маънолар оламига сафар: Алишер Навоий ғазалларига шарҳлар» («Сафар ба олами маонӣ: шарҳҳо ба ғазалиёти Алишер Навоӣ») таъкид кардааст, Аҳлии Шерозӣ дар муқаддимаи қасидаи худ Навоиро «вакили Ҳақ таоло, ки тартиботи давлат, дунё ва динро нигоҳ медорад» гӯён тавсиф карда, шеъри зеринро овардааст:
Он ки нашъу намойи гулшани даҳр,
Ҳама аз офтоби ҳиммати ӯст.
Сурхрӯйии аҳли фазл имрӯз,
Чун ақиқ аз Суҳайли давлати ӯст.
Ҳамин ғоя, яъне сардор ва мададкори рушди маънавии кишвар будани ӯ дар қасида хеле таъсирбахш, тавассути тасвирҳои зебо пайваста ифода ёфтааст.
Албатта, аз ин гуна муаррифии шахсияти Ҳазрати Навоӣ метавон садҳо мисол овард. Ҳадафи асосӣ исбот намудани он аст, ки сифат ва хислатҳои инсони комил дар Навоӣ, ҳамчун яке аз созандагони мафҳуми инсони комил вуҷуд дорад. Суханони зерини Н.Комилов дар ин ҷо бамаврид аст: «Дарвоқеъ, худи адабиёт нишони камолот, каломи мукаммал, ифодаи мукаммали маънӣ ва андешаи комил аст. Шахсе, ки инҳоро соҳиб гаштааст, метавонад инсони комил бошад. Пас, худи Алишери Навоӣ низ намунаи дурахшони инсони комил аст». Воқеан ҳам, Навоӣ чун яке аз шахсиятҳои тамоми умр асосҳои худташаккулдиҳиро дар худ андӯхта, одамони дигарро низ ба такомул даъват кардааст. Чунонки Қ.Назаров таъкид намудааст, «Алишер Навоӣ ҳамчун шахси замони худ дар рӯҳияи маданият, шуур, тафаккур ва арзишҳои асримиёнагӣ тарбия ёфт ва аз ин рӯ, ташаккул ёфтани ӯ берун аз таълимоте, ки асоси маданияти он замонро ташкил медод, имконнопазир буд. Аллома дар амал маҳз ҳамин гуна таълиму тарбия гирифта, ҳамчун инсони комил ба воя расидааст. Барои ҳамин ҳам, дар андешаҳои Навоӣ пайваста тамоюлоти ӯ ба инсони комил низ бо тамоми моҳияташ намоён гаштааст. Пеш аз ҳама, ба фикри Навоӣ «камолот дар доираи табиати инсоният, қобилият ва маънавияти ӯст».
Шоири бузург тавонистааст дар мероси ғании адабии худ симои маънавии инсони комилро ба вуҷуд оварад. Ӯ инсони комилро дар симои чанд шахсияти таърихиву адабӣ, аз ҷумла мутафаккироне чун Суқроту Арасту, Хоҷаи Хизр, Фарҳод, Нақшбанд ва Ҷомӣ кашф кардааст. Навоӣ пеш аз ба ин хулоса омадан фаъолияти ҳаётӣ ва таълимоти фалсафӣ-ахлоқии шахсиятҳои таърихии мазбурро омӯхтааст. Дар мисраъҳои зерини «Хамса»-и Навоӣ на танҳо аз таъриху фалсафаи қадим хабардор будани мутафаккир, балки онро ба таври комил аз худ кардани ӯ ба воситаи образи Фарҳод чунин тасвир ёфтааст:
Учинчи Искандари Румий тилисмин
Ки очтим тенг қилиб ер бирла жисмин.
Бӯлуб тӯртунчи Арастуға рақамкаш,
Ки ғори ичра кирдим аждаҳоваш.
Тарҷума аз ӯзбекӣ:
Савумин он тилисмоти Сикандар,
Кушодам, карда бо арзаш баробар.
Шуда чорум Арастуро рақамкаш,
Бигаштам вориди ғор аждаҳоваш.
Инчунин, метавон аз қаҳрамонони достонҳои «Ҳайрат ул-аброр», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», «Садди Искандарӣ» вожаҳои фалсафӣ ва ахлоқиеро, ки аз забони онҳо гуфта мешавад, мисол овард. Навоӣ дар ин асарҳо доир ба таълимоти фалсафие, ки пеш аз замони ӯ вуҷуд доштанд, андешаронӣ намуда, таълимоти фалсафии худро, аз ҷумла андешаҳои худ дар бораи мафҳуми фалсафии инсони комилро ба таври шоирона баён кардааст.
Навоӣ мегӯяд, ки инсони комил касест, ки дорои сифатҳои илоҳӣ, дорои ақлу идроки дараҷаи баланд, боимону эътиқод, покиза, ҳалол, ростгӯ ва худогоҳ, шахси офаридаи Худо аст. Аз ин рӯ, дараҷаи баркамолии инсони комил ҳар қадар баландтар бошад, ҳамон қадар ба Аллоҳ наздиктар мешавад. Дар назди соҳиби ақли кул — Аллоҳ бошад, инсони комил оҷизӣ мекунад. Аммо Навоӣ талқин мекунад, ки муддаои аслии Офаридгор иртибот бо инсон ва мавҷудоти аз ҳама шариф будани ӯст:
Мунча ғаройибки мисол айладинг,
Барчани миръоти жамол айладинг.
Ганжинг аро нақд фаровон эди,
Лек боридин ғараз инсон эди.
Барчасини гарчи латиф айладинг,
Барчадин инсонни шариф айладинг.
Тарҷумааш:
Ин ки ғароиб ту намудӣ мисол,
Ин ҳама оинаи ҳусну ҷамол.
Ганҷи туро нақд фаровон бувад,
Лек ғараз аз ҳама инсон бувад.
Одамиро аз ҳама кардӣ шариф,
Ин ҳамаро гарчи намудӣ латиф.
Яъне, азбаски инсон аз ҳама мавҷудоти зинда бузургтарин ва азизтарин маҳсуб мешавад, бояд шоиста ба он зиндагӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, шоир инсонро водор месозад, ки ҳақиқатро ба сӯи камолот дарк намояд ва зиндагии шоиста дошта бошад, соҳиби ахлоқ ва фазилати нек бошад.
Муҳаққиқ Б.Турсунов дар хусуси нақши методологияи синергетикӣ барои дар қалби ҷавонон ворид намудани мафҳуми инсони комили Алишер Навоӣ таҳқиқот бурда, кӯшиш кардааст, ки ба андешаҳои фалсафии мутафаккир дар бораи инсон аз дидгоҳи синергетикӣ муносибат намояд ва андешаҳои зеринро баён кардааст: «Дар асарҳои Алишер Навоӣ тамоми фазилатҳоеро, ки башариятро эъзоз менамояд, метавон ҷиҳатҳои устувори консепсияи инсони комил номид. Шоир дар «Ҳайрат-ул-аброр» сифатҳое, мисли имон, қаноат, саховат, илму маърифат, вафо, ҳиммат, хоксорӣ, адолат, адабро дар баёни воқеаҳои гуногун гаштаю баргашта таъкид карда гузаштааст:
Кимки жаҳон аҳлида инсон эрур,
Балки нишони анга имон эрур.
Тарҷумааш:
Ҳар кӣ дар ин даҳр чу инсон бувад,
Балки нишонаш ба вай имон бувад…
Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа.
