Ovozi.uz

Хусусияти ғӯраи зардолу (давучча)

«Мағз аз дона ширинтар аст» мегӯяд халқи хирадманди мо. Аммо дар байни мо ҳоло мева донак ҳосил накарда аз ғӯраи зардолу (давучча низ номида мешавад) лаззат мебаранд, кам нестанд.

Хусусиятҳои судманди ғӯра на танҳо дар таъми дилпазир ва иштиҳоовар аст, балки ин меваи нопухта аз витамини С бой буда, кори меъдаро барои онҳое, ки аз туршии паст азоб мекашанд, беҳтар мекунад. Аммо барои одамони дорои кислотаи баланд хӯрдани ғӯра тавсия дода намешавад. Аз сабаби таркиби оҳанаш, он барои одамоне, ки сатҳи гемоглобинашон паст беҳтарин аст! Он инчунин метавонад барои табобати ревматизм аз сабаби кислотаи салитсилӣ, ки дар он мавҷуд аст, истифода бурда мешавад.

Дар таркиби донакҳои ҳоло сахт нашуда амигдалин мавҷуд аст, ки як воситаи табиии зидди саратон мебошад. Ғӯра инчунин барои онҳое, ки аз қабзият азоб мекашанд, хеле муфид аст.

Боз як далели ҷолиб он аст, ки дар Гурҷистон меваҳои сабзи нопухтаро хеле эҳтиром мекунанд. Дар салатҳо на танҳо ғӯраи зардолу, балки олу ва гелоси нопухтаро ҳам омехта истеъмол мекунанд.