Ovozi.uz

Се мактаби илмии машҳури Машриқзамин

Олимони Осиёи Миёна дар асрҳои IХ-XVIII бо асарҳои худ дар соҳаи фанҳои дақиқ, хусусан, дар астрономия ва риёзиёт, ба фани ҷаҳонӣ навигариҳои калон ворид намуданд. Дар давоми н ӯҳ аср дар мамлакатҳои Шарқ, аз он ҷумла дар Осёи Миёна ҳам, шаҳрҳои калони маданӣ ба вуҷуд омаданд, дар ин шаҳрҳо марказҳои ҳисоббарории фанҳои аниқ ташкил карда шуд. Аз ҷумлаи онҳо, кашфиётҳои се мактаби илмие, ки равиши асосии фаъолияташон тадқиқотҳои астрономӣ буд, лоиқи эътиборанд.

Мактаби илмии якум, дар асри XIII дар Мароға (Озарбойҷони шарқӣ дар Эрон) ташкил ёфт. Раҳбари илмии мактаб Носириддин Тӯсӣ буд. Мувофиқи илтимоси ӯ соли 1259 ҳукмдори ҳамонвақтаи Эрон Хулогухон расадхона бунёд кард. Аз ин худи хон ҳам манфаатдор буд, чунки барои муайян кардани рӯзҳои хайр ҳангоми юришҳои ҳарбӣ ва гузарондани тадбирҳои маъмурӣ тартиб додани ҷадвал-гороскопро ӯ аз олимон талаб карда буд. Сохтани чунин ҷадвалҳо мушоҳидаҳои астрономиро тақозо менамуд.

Бо ғайрату шуҷоати Носириддини Тӯсӣ расадхона дар асри XIII ба маркази калони илмӣ мубаддал гашт ва дар таърих нишонаи ҷовидона монд. Муаррихи асримиёнагӣ Рашидиддин таъкид мекунад, ки дар расадхона қариб сад ходим фаъолият мебурд. Дар асари олими озарбойҷонӣ Ҳ.Мамедбейли “Носириддин Тӯсӣ – асосгузори расадхонаи Мароға” рӯйхати 21 астрономи расадхона оварда шудааст.

Носириддин Тӯсӣ дар таърих ҳамчун алломаи қомусӣ ворид гаштааст. Асарҳои ӯ оиди математика ва астрономия: “Рисола дар бораи алгебра ва масъалаҳои ҳисобкунӣ дар ал-муқобала”, “Ёддоштҳои Носириддин аз астрономия”, оид ба физика: “Рисола дар бораи шикаст ва бозгашти нур”, “Рисола дар бораи гармӣ ва сардӣ”, дар соҳаи фанҳои дигар: “Тансиқномаи (минералогияи) Элхонӣ”, оид ба педагогика: “Ахлоқи Носирӣ”, оид ба мантиқ: “Асос ал-иқтибос” (“Асосҳои донишом ӯзӣ”) ва асарҳои дигари ӯ мероси пурарзиш ҳисоб меёбанд. Дар таркиби мероси олим асари бузурги астрономии “Зиҷи Элхонӣ” олимро машҳури дунё намудааст. Дар ин асар координатҳои географии бисёр шаҳрҳои калон, координатҳои ситораҳо, ҷадвалҳои акси ҳаракати Офтоб, Моҳ ва сайёраҳои дигар, то асри ХV, яъне ин маълумотҳо то дар расадхонаи Улуғбек дар асбобҳои калони астрономӣ дақиқ шуданаш, дар давоми зиёда аз дусад сол барои олимон луғати истифодабарии ҳаррӯза буд.

Дар асари худ олим ба назарияи ба ҳаракати Моҳ ва Уторуд (Меркурий) бахшидаи астрономи машҳури юнон, асосгузори таълимоти геосентрӣ, муаллифи “Алмаҷистӣ” Клавдий Птоломей зид баромада, усули ҳисоббарории нисбатан осонро таклиф намуд.

Расадхонаи Тӯсӣ дар Мароға дар асрҳои миёна яке аз расадхонаҳои калону машҳур буда, ҳиссаи он барои ривоҷи астрономия беқиёс аст.

Солҳои 1935-1937 боқимондаҳои расадхона аз ҷониби археолог П. Варживанд ва шогирдони ӯ Муртазавӣ ва Ҳайдарӣ омӯхта шуда, оиди андозаҳои аслии он маълумотҳои зерин ба даст дароварда шуд: дарозиаш – 510 метр, бараш — 217 метр, баландии теппаи расадхона ҷойгирифта 110 метр. Чӣ тавре ки олимон муайян карданд: “телескопи” асосии расадхона – радиуси квадрант – 18,4 метр, диаметри доираи асосаш — 22,8 метр, ғафсии девораш 80 см аст.

Баъд аз вафоти Н. Тӯсӣ (соли 1274) ба расадхона писари калонии ӯ Садриддин Абул ибн Носириддин раҳбарӣ намуд.

Мактаби илмии дуюми Шарқ дар асри ХV дар шаҳри Самарқанд аз ҷониби Мирзо Улуғбек ташкил карда шуд. Дар сохтмони расадхона ва ба кор даровардони он аз таҷрибаҳои бисёри эҷобии расадхонаи Тӯсӣ истифода карда шуд.

Муаррихи машҳур Абдураззоқи Самарқандӣ дар асари худ «Матлаи саъдайн ва маҷмаи баҳрайн» (“Ҷои баромади ду ситораи бахт ва пайвастшавии ду баҳр”) саъю ҳаракати  Мирзо Улуғбекро дар роҳи илму маърифат, дар атрофи худ ҷамъ намудани олимон, бо Қозизодаи Румӣ, Алӣ Қушчӣ, Ғиёсиддин Ҷамшед ташкил намудани анҷумани илмиро қайд намуда, менависад: “(Дар ин соҳа) чун баркамолӣ ҳосил намуд, (Улуғбек) ба сохтани расад ва зиҷ майл кард ва дар шарқи Самарқанд, як ҷои мосро аниқ кард… Бинои (расадхонаи)  ӯ чун асоси давлат пойдор, пойдевори он бошад, мисли қоидаи салтанат устувор мустаҳкам карда шуд. Фармуд, ки дар дохили хонаҳои иморат ҳайъати нӯҳ фалаку шаклҳои доираҳои нӯҳ (осмон). ситораҳои ҳафт сайёраро… бикашанд. Овозаи ин кори муҳим дар шаҳрҳою мамлакатҳо паҳн гашта, шӯҳрат ёфт. Шаҳзода ба он зиҷ тасҳеҳот дароварда, ба итмом расондани он муваффақ гашт ва он “Зиҷи Султонии Кӯрагонӣ” ном гирифт”.  

Калимаи “зиҷ” аз забони форсӣ буда, маънои “бӯрё”-ро ифода мекунад. Азбаски рахҳои вертикалию горизонталии ҷадвалҳои астрономӣ бо ададҳояш бӯрёро хотиррасон мекунанд, онҳо чунин ном гирифтаанд. Ин истилоҳ аз асри VII инҷониб вомехӯранд. Муҳаммад ал-Хоразмӣ асари асосии астрономии худро ба халифи Бағдод Маъмун бахшида, “Зиҷи Маъмунӣ”, Умари Хайём ба султони Исфаҳон Маликшоҳ бахшида, “Зиҷи Маликшоҳӣ”, чӣ тавре ки дар боло қайд намудем, Носириддин Тӯсӣ ба Хулогухон (тахаллусаш Элхон) бахшида “Зиҷи Элхонӣ”, Ғиёсиддин Ҷамшед Кошӣ ба Шоҳрух Мирзо бахшида, “Зиҷи Хоқонӣ” номидаанд.

Маҳсули фаъолияти олимони расадхонаи Улуғбек “Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ” дар тамоми дунё машҳур шуда буд. “Зиҷи Кӯрагонӣ” аз сарсухан, қисми назариявӣ ва зиҷ (ҷадвалҳо) иборат буда, ҷамъ 430 саҳифаро ташкил мекунад. Таъкид бояд кард, ки олимони расадхонаи Улуғбек бо ёрдами асбобҳои оддии астрономӣ дар бораи ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ натиҷаҳои илмии бузургро ба даст дароварданд.

Соли 1429 Қозизода Румӣ, соли 1430 Ҷамшед Кошӣ аз олам гузаштанд ва ин асари илмӣ (“Зиҷи Кӯрагонӣ”) нотамом монд. Вазифаи роҳбарӣ ба расадхона ва ба итмом расонидани ин асари бузург ба зиммаи Алӣ Қушчӣ вогузошта шуд. Алӣ Қушчӣ бо иштирок ва роҳбарии бевоситаи Мирзо Улуғбек аз ӯҳдаи ин вазифаи воло баромад, соли 1437 “Зиҷи Кӯрагонӣ”-ро ба охир расонид.

Мактаби илмии Улуғбек зиёда аз сӣ сол фаъолият бурд. Олимони ин мактаб на фақат асарҳои илмӣ менавиштанд, балки ҷавонони бисёри ҳамзамонро тарбия намуда, тавассути онҳо илму фанро ба ҳамаи шаҳрҳои Осиёи Миёна ва инчунин, ба Европа ҳам паҳн карданд. Масалан, Алӣ Қушчӣ барои санҷиши дониши талабаҳои мадрасаи Ҳирот ба онҷо сафар карда буд. Дар онҷо вай Ҷомии ҷавонро ҳам аз алгебра ва геометрия имтиҳон карда, ӯро барои таҳсил ба Самарқанд ба мадрасаи Улуғбек таклиф намуда буд.  

Соли 1435 Алӣ Қушчӣ ба Хитой сафар кард. Улуғбек ба ӯ таъин кард, ки ҳангоми сафар ҳар он чиро мебинаду мешунавад қайд намояд, чунки барои ривоҷи илм ҳамаи ин шояд лозим шавад.

Ҷадвалҳои “Зиҷи Кӯрагонӣ” дар астрономияи асрҳои миёна ҷадвалҳои дақиқтарин ҳисоб меёбанд. Ин асар соли 1665 дар Оксфорд (Англия) бори аввал чоп шуд ва дар давоми 15 сол боз се маротиба нашр гардид. Дертар, соли 1853 дар Париж, соли 1917 дар Америка чоп гардид. Астрономи парижӣ Ф. Боку Зиҷи Улуғбекро ом ӯхта, ба вай чунин баҳо дода буд: “Ин каталог бо моҳияти худ каталоги дақиқтарини дар асри ХV офарида шуда ҳисоб меёбад”.

Дар асри ХIХ математик ва астрономи машҳури франcуз Пер Лаплас ба Улуғбек ва ҷадвали ситораҳо баҳо дода, навишта буд: “Улуғбек дар пойтахти салтанати худ Самарқанд каталоги ситораҳоро сохт, ки он аз ҷадвалҳои ситораҳои то Тихо Браге мавҷуд буда афзалтар аст”.  

Мактаби илмии сеюми Шарқ дар асри ХVII дар шаҳри Ҷайпур (Ҳиндустони Шимолӣ) аз ҷониби Савойи Ҷай ташкил шуда буд. Дар роҳи ба вуҷуд омадан ва корҳои эҷодии ин мактаб таъсири мактаби Улуғбек ниҳоят калон буд. Астрономи ҳинд дар девори расадхонаи худ суханҳои зеринро навишта монда буд: “Дар олами ислом пас аз замони марҳум Султон Мирзо Улуғбек то даври ҳозира, дар давоми се сад сол аз ҷумлаи султонҳои олимақом ва олимони олимартаба ҳеҷ кас ба ин кор эътибори ҷиддӣ надодааст”.

Бо ташаббуси Савойи Ҷай дар шаҳрҳои Ҷайпур, Деҳли, Урҷон, Муттар ва Банорас якчанд мадраса ва расадхонаи калон сохта шуда буд.  Ӯ ба корҳои илмии мадрасаҳою расадхонаҳои мазкур бевосита роҳбарӣ мекард. Савойи Ҷай дар роҳи ин мақсад аз Осиёи Миёна, Шарқи Наздик ва Европа 30 нафар олимони машҳурро ҷалб намуда буд.

Ғайр аз асарҳои олимони дигар худи Савойи ҷай ҳам самаранок меҳнат мекард. Хусусан асарҳои ӯ “Зиҷи ҷадиди Муҳаммадшоҳӣ” ва “Рисолаи ҷайб ва залъ” сазовори эҳтиром аст. Ин асарҳо аз он асарҳое, ки дар мактабҳои илмии пештара офарида шуда буданд, фарқ мекунад. Сабаби асосии ин дар он аст, ки Савойи Ҷай дар расадхонаи худ аз 20 зиёд асбобҳои оптикии астрономиро истифода кардааст. Ин гуна асбобҳо то он давр дар расадхонаи Шарқ мавҷуд набуд. Аз ин сабаб олимони мактаби Савойи Ҷай майли пурраи бурҷи фалакро боз ҳам дақиқтар ҳисоб карда буданд.

Назарияҳои пешқадами ба астрономияи Шарқ ҳамроҳ кардаи мактаби илмии мазкур: системаи гелиомарказӣ, назарияи эллиптикии ҳаракатҳои сайёраҳо ва усулҳои ҳисоб кардани унсурҳои ин назария мебошад. Ин масъалаҳоро Савойи Ҷай дар боби сей ӯми “Зиҷи ҷадиди Муҳаммадшоҳӣ” баён намудааст. Масалан, олимони мактаб масофаи байни Замин ва Офтобро ҳисоб намуда, ба 148005000 км баробар будани онро нишон дода буданд.

Корҳои илмии мактаби Савойи Ҷай ба тезӣ дар Осиёи Миёна ва Европа паҳн гашт ва якчанд бор аз он нусха бардоштаю шарҳ навишта шуд.

Ҳамин тавр, дар мисоли се мактаби илмии Шарқ мебинем, ки илму фан муттасил ривоҷ меёфт, мактаби пеш гузашта ба мактаби сонӣ барои боз ҳам рушд ёфтанаш ҳамчун зина, пойдевор хизмат мекард, инчунин мебинем, ки сатҳи тараққиёти илму фан дар Шарқ аз Европа асло паст набуд, балки онҳо аз таъсири байниҳамдигарӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гаштанд.

Нӯъмон Маҳмудов