Ovozi.uz

НАХУСТНАМОИШИ СПЕКТАКЛИ «МАҲМУДХОҶА БЕҲБУДӢ»

Дар Театри драмаи мусиқии вилоят нахустнамоиши драмаи «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ»-и нависанда ва драматург Фармон Тошев баргузор шуд.
Аз рӯи манбаъҳои таърихӣ аввалин песае, ки дар мамлакати мо ба намоиш гузошта шудааст, асари «Падаркуш»-и Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар Самарканд ба ҳисоб меравад. Онро 15‑уми январи соли 1914 400 нафар одамон дар биное, ки ҳоло ҳамчун Хона-музейи Беҳбудӣ истифода бурда мешавад, тамошо кардаанд. 300 нафари дигар ба тамошо омада, дар театр ҷой ёфта натавонистаанд.
Оре, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ на танҳо муаллифи аввалин драмаи адабиёти ӯзбек буд, балки барои ба саҳна гузоштани он ҳамчун режиссёр низ иштирок кардааст.
«Барои маърифат танҳо мактаб басанда нест. Бояд аз ҳодисаву воқеаҳои замону ҷаҳон воқиф шуд. Аз вазъи миллату Ватан, рӯзгори ҳаррӯзаи он огоҳ гардид. Барои миллат оина лозим аст, ки дар он ҳам айб ва ҳам фазилати худро дида тавонад».
Маҳз ҳамин зарурату эҳтиёҷ Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ба театр ва матбуот овард. Драмаи «Падаркуш» ҳамин тавр ба саҳна омад. Ин воқеаро матбуоти онвақта ҳамчун рӯзи таърихӣ эътироф карда буд.
Солҳои зиёд ҳаёту фаъолияти ҷадидон, равшанфикрони миллат мавриди таҳқиқу омӯзиши донишмандон қарор гирифта бошад, ки симои онҳо дар саҳна таҷассум наёфтааст.
Солҳои охир ба ҷараёни ҷадидӣ, бедории миллӣ ва барои аз худ намудани донишҳои дунявии онҳо эътибори ҷудогона зоҳир карда мешавад. Таъсиси рӯзномаи «Ҷадид», барои хонандагони болаёқат кушодани мактабҳое, ки ба номи ниёгони ҷадидамон муносиб ва амиқ омӯхтани осори онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ин талошҳост. Соли гузашта эълон шудани Фармони Сарвари давлат «Дар бораи васеъ таҷлил намудани 150‑солагии таваллуди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, асосгузори ҷунбиши ҷадидҳои Туркистон, адиби барҷаста ва ходими ҷамъиятӣ, ношир ва маорифпарвар» боз як ифодаи амалии ин таваҷҷӯҳ буд.
Тамошобинон нахустнамоиши драмаи «Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ»-и Фармон Тошевро, ки бо меҳнати режиссёр Фарҳод Бойназаров, рассоми саҳна Баҳром Сафоев ва як гурӯҳ ҳунарпешагони театр ба саҳна гузошта шудааст, гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд. Дар спектакл актёри боистеъдод Лазиз Маматқулов, ки нақши асосиро офаридааст, инчунин ҳунарпешагони намоёни ин театр Бахтиёр Раҳимов, Абдулазиз Тоштемиров, Хуршед Баратов ва дигарон саҳми калон гузоштанд.