Ovozi.uz

Дилёбу меҳрубон бошем…

Elderly woman in the house sitting at the table looking out the window. Monochrome photo.

Ҳикояи воқеӣ

Баъди хариди масолеҳи рӯзгор бо набераам аз дӯкон баромадему чашмам ба пиразане афтод.

Пиразани хароби каме қоматхамида дар тан либоси нимдошт, дар сар қарси сафед, дар як даст асову дар дасти дигар селофанхалта, дар дарунаш табақи сафолӣ намоён буд, оҳиста-­оҳиста қадамзанон мерафт.

Мо ба пиразан наздик шудему ӯро шинохта салом додем. Набераам борашро аз дасти пиразан гирифт.

— Холамулло, ба хайр, куҷо рафта истодаед? — пурсидам ман.

— Э, келинҷон, гӯр нафс шавад. Ба оши палави пухтаи Давлатҷон ҳавасам омад. Ду-се даҳон хӯрам, кифоя. Бо маззааш ҳузур мекунам.

— Ба набераҳо гӯед, меоварданд.

— Ба шумо чӣ гӯям, келинҷон. Наберадухтарҳоро ба шавҳар додем. Набераи хурдӣ — Амирҷон аз мактаб дертар меояд. Келин ба кори давлат рафтааст.

Ба хотирам омад, ки писари пиразан чанд сол пеш аз олам гузашта буд.

— Холаҷон, рақами телефони ошпаз бошад, телефон карда гӯед, ба хонаатон мерасонд?

— Нест-да, бачекам.

— Ин тавр бошад, шумо ҳамин ҷо истед, ё ба хонаатон равед, ман ба табақатон аз оши пухтаи Давлатҷон оварда медиҳам, — гуфтам дастони ларзони пиразанро дида.

— Не, бачекам, камтар роҳ монд. Маро аз роҳи мошингард гузаронида монед, шуд. Оши палави Давлатҷон бисёр бомазза-дия, — гӯён чеҳрааш шукуфон шуд…

Ронандагони мошинҳо ба мо роҳ доданд.

Дари сеюм ҳавлии Давлатҷони ошпаз буд. Ин ошпази моҳир мизоҷони бисёр дошт. Лекин ҳавлии холиро дида, якбора ба хотирам расид, ки имрӯз рӯзи дамгирии ошпаз аст. Инро ба хола хиҷолатмандона фаҳмонидам. Гӯё, тарбуз аз бағалаш афтода бошад, ноумед шуд. Ман ҳам аз кори кардаам замин накафид, ки дароям.

Кори зарур дошта бошам ҳам, холаро боз аз кӯчаи мошингард гузаронида, набераамро ба ӯ ҳамроҳ кардам.

Ҳамон рӯз бо ҳамсарам ба ҷашни рӯзи таваллуди бародарам рафтему лекин ҳолати пиразан аз пеши назарам дур намерафт. Аҳд кардам, ки рӯзе оши палав пухта, ҳарчанд се кӯча аз мо дуртар бошад ҳам, ба дилёбии пиразан меравам.

Лекин бо ташвишҳои зиндагӣ ҳафтае нагузашта, аз олам гузаштани пиразанро шунида, афсӯс хӯрдам. Неъмати бузург — ҳаёт, ба инсон як бор муяссар мегардад ва ӯ бояд ба ҳама дилёбу меҳрубон бошад.

Эътибор ҲАЙДАРОВА